31.07.2021. н. Фирдавсӣ
Дар доираи амалисозии Нақша чорабиниҳо бахшида ба таҷлили ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 3 октябри соли 2019, №599 «Дар бораи тасдиқи нақша-чорабинӣ ва амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ» дар ҳудуди ноҳия Фирдавсӣ як қатор корхонаву, бинову иншоот ва марказҳои хизматрасонӣ бунёд ва ба истифода дода шудаанд.