ТАҚВИЯТИ КОРҲОИ ИДЕОЛОГӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҲУДУДИ НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ
01.05.2025 00:10
Ҷиҳати иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бораи тақвият бахшидани корҳои идеологӣ оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву эксремистӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ, оворагардӣ, тақлиди фарҳанги бегона, хариду фурӯши одамон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлат, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, одоби шаҳрнишинӣ, нашъамандию нашъаҷалобӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, саҳмгузорӣ дар ободониву созандагии Ватан, манъ кардани воридшавии наврасону ҷавонон ба марказҳои дилхушӣ, интернеткафеҳо ва дар амал татбиқ намудани қонунҳои миллӣ аз ҷониби гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо падару модарон ва хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 40 ва Литсейи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон мулоқот баргузор карда шуд. Дар мулоқоти мазкур мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳия, мудири шуъбаи кор бо занон ва оила, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва намояндаи шуъбаи маорифи ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд.