ВОХӮРИИ МАСЪУЛИНИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯ ВА ПРОКУРАТУРАИ НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ БО СОКИНОНИ МАҲАЛЛАҲОИ НОҲИЯ

02.05.2025 21:11

 
Санаи 2 майи соли ҷорӣ дар доираи Нақша – чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия якҷо бо прокуратураи ноҳияи Фирдавсӣ дар толори МТМУ №124 ноҳия бо иштироки масъулини мақомоти иҷроия, прокурори ноҳияи Фирдавсӣ - Абдуқодирзода Фаррух Комил, кормандони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ № 1 ва 2 дар ноҳия бо сокинони маҳаллаҳои Гулбутта – 1,2,3,4 ва Гравзавод вохӯрӣ доир гардид. Дар он масъалаҳои зерин, аз ҷумла:
- Омӯзиш ва баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика», тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
- Тафсири «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025», инчунин пешгирии гаравидани шаҳрвандон, бахусус ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрави экстремистиву террористӣ;
- Вазъи ҷинояткорӣ миёни ноболиғон ва ҷавонон бо истифода аз пердметҳои халандаву бурранда дар давраи соли 2024 ва семоҳаи аввали соли 2025;
- Тафсири Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, назорат ва корбарӣ дар самти ғасби худсаронаи замин ва истифодаи ғайриқонунии он дар ҳудуди ноҳия дар давраи соли 2024 ва семоҳаи аввали соли 2025;
мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аз ҷониби прокурори ноҳия таъкид гардид, ки маҳз кӯшишу заҳмати аҳлона ва фаъолияти дастаҷамъонаи сокинон бо масъулин имкон медиҳад, ки саддироҳӣ ва монеаҳои ҷойдоштаи ҳаёти иҷтимоӣ сари вақт бартараф гардида, равандҳои рушди устувори ҷомеаи ватанӣ дар замони муосир ҷойгузини мушкилоти болозикр гарданд.