БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГИЮ ФАРОҒАТИИ БАХШИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ДӮСТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ БОҒИ ФИРДАВСӢ БАХШИДА БА 30 - СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
01.08.2021. Н. ФИРДАВСӢ
Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтан аз ҷашни бузурги миллӣ 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи нақшаи муштараки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии шаҳри Душанбе, аз ҷониби МИҲД -и ноҳияи Дӯстӣ дар МД боғи фарҳангӣ - фароғатии ба номи Фирдавсӣ чорабинии фарҳангӣ доир гардид.
Лозим ба зикр аст, ки ин иқдоми пешгирифта то 30 Истиқлолияти давлатӣ давом ёфта, ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе ва якшанбе чорабинии фарҳангӣ - фароғатӣ пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт мегардад.
01.08.2021 09:08
574
Фарҳанг