Вобаста ба иҷрои Нақша - чорабиниҳои тасдиқ намудаи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023 Дар бораи баргузории намоиш – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таъомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву адабии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе дар соли 2023.
Мавриди зикр аст, ки субҳи 29 июли соли ҷорӣ аз ҷониби мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, дар Боғи Абулқосими Фирдавсӣ намоиш – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таъомҳои миллӣ, ба сокинону меҳмонони пойтахти азизамон шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор карда шуд.
Қобили қайд аст, ки муовини Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Саидзода Фирдавс Ҳамро ва Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе муҳтарам Гуреззода Умед дар намоиш – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ таъомҳои миллии омода намудаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ишторк намуда, ба роҳбарият ва масъулини макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барои дар сатҳи баланд омода намудани намоиш – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таъомҳои миллӣ изҳори сипос намуданд.