Иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, даъвати шашум

 

Санаи 13 июли соли 2023 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо иштироки Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе муҳтарам Гуреззода Умед, иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор гардид.

Дар корӣ иҷлосия муовини якум ва мувинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои дасгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои дахлдори ноҳия иштирок доштанд.

Рўзномаи иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, даъвати шашум аз масъалаҳои зеринро дарбар мегирад.

1. Дар бораи рафти иљрои наќша – чорабинињои маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњияи Фирдавсии шањри Душанбе бахшида ба таҷлили ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон.

2. Иҷрои ќарори Раиси шаҳри Душанбе аз 10 марти соли 2022, №106 ва ќарори Раиси ноњияи Фирдавсї аз 22 июли соли 2022, №208 «Дар бораи Барномаи рушди иљтимоии љавонон барои солњои 2022-2026»

3. Дар бораи љамъбасти натиљањои рушди иќтисодию иљтимоии ноҳияи Фирдавсии шањри Душанбе дар нимсолаи аввали соли 2023 ва вазифањо барои нимсолаи дуюм;

4. Дар бораи њисоботи Комиссияи доимии Маљлиси вакилони халќи ноњияи Фирдавсии шањри Душанбе оид ба саноат, энергетика, меъморї, шањрсозї, сохтмон ва ободонї.

5. Дар бораи тасдиќи ќарорњои Раиси ноҳияи Фирдавсии шањри Душанбе

         Бояд таъкид намуд, ки ҳамаи масъалаҳое, ки марбут ба корӣ иҷлосия буданд, мавриди баррасӣ ва муҳокимарони қарор дода шуда, аз рӯйи масъалаҳои мазкур қарорҳои дахлдор, аз ҷониби вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе қабул карда шуд.

         Дар фарҷоми иҷлосия Раиси Маҷлис барои иштироки фаъолона ба ҳамаи вакилон ва иштирокдорон изҳори минатдори баён намуда, таъкид намудаанд, ки корҳои ободонию созандагиро баҳри бозҳам ободу зебо гардонидани пойтахти азизамон шаҳри Душанбе ва ноҳияи Фирдавсӣ бозҳам хубтар ба роҳмонда, ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани тамоми чорабиниҳо махсусан ҷашни бузурги миллати тоҷик Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳои мушаххас додаанд.

 


© 2021 Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе