БАРГУЗОРИИ НАМОИШ – ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ, ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, ТАЪОМҲОИ МИЛЛӢ ВА БАРНОМАҲОИ ФАРҲАНГИВУ АДАБИИ НОҲИЯИ ПАНҶ

 

Вобаста ба иҷрои Нақша - чорабиниҳои тасдиқ намудаи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ, аз 22 июни соли 2023 Дар бораи баргузории              намоиш – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таъомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву адабии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе дар соли 2023.

Мавриди зикр аст, ки санаи 9 июли соли ҷорӣ аз ҷониби мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ дар Боғи Абулқосими Фирдавсӣ намоиш – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таъомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву адабӣ барои болида хотирии сокинону меҳмонони пойтахти азизамон шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор карда шуд.

Қобили қайд аст, ки муовини Раиси шаҳри Душанбе Саидзода Фирдавс Ҳамро дар чорабинии мазкур иштирок намуда, аз номи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд доир намудани чорабиниҳо минатдори баён намуд.

Инчунин аз номи Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе муҳтарам Гуреззода Умед ба мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ бораи дар сатҳи баланд баргузори намудани намоиш – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таъомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву адабӣ «Сипоснома» тақдим карда шуд.


© 2021 Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе