Муовин оид ба соҳаи кабудизоркунӣ

VatanzodaВатанзода Ҷамшед Абдуҷалил

Аз моҳи майи соли 2017 дар мансаби муовини Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе кор мекунад.

Соли таваллуд: 19.01.1978
Ҷои таваллуд: ноҳияи Қумсангир
Миллат: тоҷик
Таҳсилот: олӣ
Хатм кардааст: Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, соли 1999
Ихтисос: ҳимояи наботот
Унвони илмӣ: надорад
Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ
Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не: нест
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не: не
Узвият ба ҳизб: узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
Вазъи оилавӣ: оиладор

Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои:
1995-1999 - донишҷуи донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
2002-2003 - мутахассиси корхонаи воҳиди ёрирасони «Ирфон» дар назди Вазорати маориф, шаҳри Душанбе
2003-2007 - агрономи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авторем», шаҳри Душанбе
2007 - 2008 - мутахассиси Маркази истифодабарии гази ноҳияи Сино, Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Душанбегаз», шаҳри Душанбе
2008 - 2009 - мутахассиси Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ, шаҳри Душанбе
2011 - 2017 - мутахассиси пешбари шуъбаи иҷозат ва иҷозатномадиҳии Экспертизаи давлатии экологии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Аз соли 2017 - муовини Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе

 


© 2021 Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе