ВОХӮРИИ РАИС ВА ПРОКУРОРИ НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ БО СОКИНОНИ МАҲАЛЛАҲО
04.06.2025 10:48
Санаи 3 июни соли ҷорӣ дар доираи Нақшаи чорабиниҳои муштарак тибқи барқияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 марти соли 2025, № 24/10-26 вобаста ба огоҳонӣ миёни сокинон, пешгирӣ ва зери назорати қатъӣ қарор додани ҳолати истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ ва сарфаи он, бо иштироки Раиси ноҳияи Фирдавсӣ – Сафарзода Дилшод Ғанӣ ва прокурори ноҳияи Фирдавсӣ - Абдуқодирзода Фаррух Комил, инчунин вакили Маҷлиси вакилони халқ бо сокинони маҳаллаҳои Чимтеппа, Қаҳрамон ва Ҳосилот- 1 вохӯрӣ доир гардид, ки дар он масъалаҳои зерин баррасӣ гардиданд:
- омӯзиш ва баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика», тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
- тафсири «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025», инчунин пешгирии гаравидани шаҳрвандон, бахусус ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрави экстремистиву террористӣ;
- вазъи ҷинояткорӣ миёни ноболиғон ва ҷавонон бо истифода аз пердметҳои халандаву бурранда дар давраи соли 2024 ва семоҳаи аввали соли 2025;
- тафсири Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, назорат ва корбарӣ дар самти ғасби худсаронаи замин ва истифодаи ғайриқонунии он, пешгирӣ аз бунёди иншоотҳои худсарона дар ҳудуди ноҳия дар давраи соли 2024 ва семоҳаи аввали соли 2025 мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Аз ҷониби Раиси ноҳияи Фирдавсӣ ва прокурори ноҳияи Фирдавсӣ вобаста ба масъалаҳои самаранок истифода бурдани неруи барқ, истифодаи ғайримақсадноки заминҳои кишоварзӣ, вусъати корҳои ободонӣ, пешгирии исрофкорӣ ва зиёдаравӣ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи фарзандон тавсияҳои муфид дода шуд.
Дар қисмати охири ҷамъомад, Раиси ноҳия мушкилоти рӯзмарраи маҳаллаҳои болозиккрро мавриди омӯзиш, таҳлил ва баррасӣ қарор дода, ҳамзамон, ба масъулин ҷиҳати ҳалли онҳо дастурҳои зарурӣ доданд.