БАРГУЗОРИИ БАРНОМАИ ФАРҲАНГИЮ ФАРОҒАТИ БАХШИДА БА ҶАШНИ 30 СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11.07.2021 н.Фирдавсӣ
Дар доираи Нақшаи баргузории чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ дар боғҳои фароғатии шаҳри Душанбе, ки аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тасдиқ гардидааст, шурӯъ аз 1 май ҳар ҳафта дар рӯзҳои истироҳатӣ аз ҷониби ҳунармандони фарҳангу санъати шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барномаҳои фарҳангӣ - фароғатӣ дар боғҳои шаҳри Душанбе баҳри фароғату истироҳати сокинон ва меҳмонони пойтахт ба ифтихори ҷашни бузурги давлатӣ 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида истодааст. Ин навбат барномаи фарҳангӣ - фароғатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобочон Ғафурови вилояти Суғд ба ифтихори ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мусссисаи давлатии "Боғи фарҳангӣ - фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ" - и шаҳри Душанбе доир гардид.
11.07.2021 12:39
622
Фарҳанг