ИДОМАИ ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВИИ ФАРҲАНГӢ ДАР ҲУДУДИ ШАҲРАКУ МАҲАЛЛАҲОИ НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ ТАҲТИ УНОВНИ «ТОҶИКИСТОН ХОНАИ УМЕДИ МАН»

 

Санаи 10 июли соли 2021, бахшида ба таҷлили ҷашни бошукӯҳи 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангии тантанавӣ таҳти уновни «Тоҷикистон хонаи умеди ман» дар маҳаллаҳои Яккатут,  Деҳқонобод ва Қуштеппа бо ташкили намоиши дастовардҳои эҷодии маҳаллаҳо ва ҳунарҳои мардумӣ дар як сатҳи баланди идона баргузор карда шуд.

Бояд қайд кард, ки дар чорабинии мазкур Раиси ноҳияи Фирдавсӣ муҳтарам Усмонзода Фатҳиддин Бадриддин ва як қатор роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия ва сокинон иштирок намуданд.

Чорабинии фарҳангии тантанавӣ бо садо додани Суруди миллӣ ифтитоҳ гардида, баъдан Раиси ноҳияи Фирдавсӣ муҳтарам Усмонзода Ф. Б.,  кулли сокинонро ба омад – омади ҷашни муқаддасу мубораки миллӣ, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуданд.

Баъд аз суханронии Раиси ноҳия ба як қатор фаъолони маҳаллаҳои болозикр, ки дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ иштироки фаъолона ва саҳми назаррас гузоштан дар рушду ободии ватани азизамон бо сипосномаву туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд. Сипас қисмати чорабинии фарҳангиро ҳунармандони шинохта ҳусни оғоз намуданд.




© 2021 Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе