ВОХӮРИИ СУДМАНД БО КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ

06.04.2024 17:18

 
Санаи 5 марти соли ҷорӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои муштарак дар маркази саломатии шаҳрии №1 Комиссия ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тољикистон Турсунзода Шодком, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Шукрона ва Мудири бахши ҳуқуқи дастгоҳи Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Маҷидзода Саидумар Шамсуддин вобаста ба масъалаҳои доғи рӯз дар мавзуи «Пешгирии коррупсия, суйистеъмоли маводи нашъадор, муқовимат ба эктремизм ва терроризм» вохӯрӣ доир гардид, ки ҳадаф аз баргузории вохӯрӣ ин шарҳу эзоҳи моҳияти қонуну стратегия ва барномаҳои давлатӣ дар ин самт, фаҳмондани сабабу омилҳои сар задани коррупсия, шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ (экстремистӣ), роҳҳои пешгирии он ва даст назадани қишрҳои гунонгуни ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла кормандони соҳаи тандурустӣ ба кирдорҳои ғайриқонунӣ дар фаъолияти хизматиашон мебошад. Зимни ироаи маърузаҳо таъкид гардид, ки хатари ваҳшатбори терроризм ва экстремизм рӯз аз рӯз доман паҳн намуда, ҳеҷ як давлату ҷомеа аз он дар канор монда наметавонад, зеро ин зуҳурот таҳдиди рӯйирост ба тамомияти арзӣ, асосҳои сохтори конститутсионӣ ва азбайнбарандаи суботи сиёсӣ дар давлатҳои муосир буд, мубориза бо он дар доираи муносибатҳои интегратсионӣ амали коллегиалиро тақозо менамояд.