БАРГУЗОРИИ ВОХУРӢ БО МАСЪУЛИНИ СОҲАИ МАОРИФИ НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ

08.07.2025 20:41

 
Санаи 7 июли соли ҷорӣ дар доираи дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе, Раиси ноҳияи Фирдавсӣ ва сардори сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе якҷо бо роҳбарияти муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ ва томактабии ҳудуди ноҳия (новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ) вохӯрӣ доир гардид. Сараввал, Раиси ноҳияи Фирдавсӣ муҳтарам Сафарзода Д. Ғ. оид ба муваффқияту мушкилоти соҳа андешаҳои худро баён намуда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин супоришҳои қатъӣ доданд. Сипас, сардори сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе муҳтарам Исмоилзода Б. М. доир ба дурнамо ва тарзу усулҳои муосири таълим, ислоҳи мушкилоти соҳа ва дуруст ба роҳ мондани фаъолияти таълимии муассисаҳои ҳарду зина ибрози андеша намуда, аз масулин даъват ба амал оварданд, ки дар пешбурди фаъолияти пурмаҳсул масъулият ва ҷиддияти худро дучанд намуда, рушди муназзами соҳаро таъмин намоянд. Дар охир, муовини Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Одилзода Д. Р. ба сухан баромада, ҳамаи он дастуру супоришҳои вобаста ба соҳаи маорифи шаҳр додаи Раиси шаҳри Душанберо ба самъи ҳозирин расониданд. Бо овардани иқтибосот аз гуфтори наҷиби Пешвои муаззами миллат мавсуф зикр намуданд, ки ягона роҳи расидан ба ҳадафҳои олиамон, ин рушди ҳамаҷонибаи соҳаи маориф ба ҳисоб рафта, дар равандҳои пуртаззоди ҷории замон роҳи санҷида ва бовариноки ҳимояи манфиатҳои миллиамон ин устувории низоми маорифи мамлакат мебошад. Раиси ноҳияи Фирдавсӣ муҳтарам Дилшод Сафарзода, дар охир иброз доштанд, ки аҳли маорифчиёни ноҳия гуфтаҳои болозикрро сармашқи кори худ қарор дода, баҳри ислоҳи мушкилоти ҷойдошта, ҳамаҷониба камари ҳиммат мебанданд.