ДУШАНБЕ - ШАҲРИ ДИЛҲО

19.04.2025 19:21

 
«Агар мо давлати соҳибистиқлол ва озоди худро дӯст дорем, дар навбати аввал бояд пойтахти онро ободу пешрафта гардонем, барои рушди он аз тамоми имконияту захираҳои мавҷуда истифода барем ва исбот намоем, ки воқеан миллати тамаддунсозу фарҳангӣ, ободгару шаҳрсоз ва шаҳрнишину шаҳрдор ҳастем».
Эмомалӣ Раҳмон
Агар ба таърихи рушди миллатҳо дар тӯли қарнҳо назар намоем, аён мегардад, ки омили асосии рушди таърихи ҳар халқу миллатро ҷараёни ба шаҳрнишинӣ рӯ овардани мардуми деҳот ташкил медиҳад ва нақши шаҳрҳо дар таърихи инсоният барои таҳкиму тақвият бахшидани худшиносии миллӣ, маърифати фарҳангӣ ва худогоҳию хештаншиносии мардум бениҳоят бузург аст. Дар марҳилаҳои гуногуни таърихии халқи тоҷик чунин нақшҳоро агар шаҳрҳои азиме чун Бухорову Самарқанд, Хатлон, Хуҷанд, Ҳирот ва ғайраҳо бозида бошад, пас дар асри ХХ шаҳри Душанбе пойтахти тоҷикон гардид ва минбаъд он ба маркази ташаккули худшиносии миллат табдил ёфт. Боиси шукургузорист, ки дар партави сиёсати хирдамандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Душанбе меҳвари давлатдории навини тоҷикон мебошад, ки дар ҳудуди он тамоми ниҳодҳои калидии давлат ҷойгир гардидаанд. Илова бар ин, пас аз ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ пойтахти азизи мо - Душанбе ба маркази эъмор сулҳофарии баъдиҷангӣ табдил ёфт. Дар ҳошияи сиёсати некбинонаи Сарвари давлат фаъолияти созандаи сокинони пойтахт ба пойдориву устувории сулҳу ваҳдат, таъмини волоияти қонун, амну осоиши мардум равона гардида, ҳанӯз моҳи августи соли 2004 бо қарори ЮНЕСКО ба шаҳри Душанбе ҷоизаи аввалин - «Шаҳри сулҳ» тақдим гардид. Самараи заҳматҳои шабонарӯзӣ буд, ки дар солҳои охир пойтахти Тоҷикистони азиз - шаҳри Душанбе аз ҷониби Ташкилоти ҳамкориҳои иқтисодӣ - «Шаҳри сайёҳӣ» эътироф гардидаву аз ҷониби ширкати «Турстат» - и Русия ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтари ИДМ ворид гардид.
Душанбе шаҳри ишқу шаҳри ормон,
Душанбе маҳзани илм асту ирфон.
Душанбе пойгоҳи пок, гаҳвораи фарҳанг ва тамаддун, нишоне аз тоҷи Каёнии миллат, ибодатгоҳи ормонҳои миллат аст. Ман дар шаҳре зиндагӣ мекунам, ки орзуҳо дар он гул мекунанд. Ҳамқадаму ҳамдам, ҳампаймону ҳамфикр ва ҳамрадифу ҳамто бо афкору рӯзгори ман аст. Ҳар орзуи ман дар он месабзад. Нафасам атри ҷавонӣ мегирад. Умрам бехазон мемонад. Чун шаҳри ман ҳамнабзи ман аст. Шаҳри ман - Душанбеи дилоро. Пойтахти тоҷбарсару тоҷдори миллати ман. Шаҳри орзуи дили ҳар аҳли меҳан. Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 1 марти соли 2005 ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе таҷлил карда мешавад. Имсол санаи мазкур ба 19 апрел рост меояд. Созандагиву ободкорӣ ва сабзу хуррам гардонидани муҳити атроф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати бунёдкоронаи давлату Ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад. Ин аст, ки дар партави сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои наҷиби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ солҳои охир пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе симои худро куллан дигар намудаву дарахтони ҳамешасабз, гулу буттаҳои ороишӣ ва ниҳолҳои гуногуни сояафкан ба ҳусни он таровати тоза зам намудааст. Бозсозиҳою бунёди майдончаҳои варзишӣ ва майдончаҳо барои бозиҳои кӯдакон, ки ҳоло назди манзилгоҳҳо ҷараён доранд, бо ҳеҷ давре қобили қиёс нестанд. Ободониҳое, ки имрӯз дар пойтахти Ватани азизамон шуда истодаанд, албатта, ба сатҳи маънавиёти ҷомеа, ахлоқу рафтори сокинон ва фарҳанги шаҳрдорӣ бетаъсир намемонанд. Хушбахтона мо ба ин восита Душанбеи хешро ба шаҳри хирад, «шаҳри накӯкорон» табдил дода, орзуи деринаи гузаштагонамонро амалӣ гардонидем.
Эй дуст биё ба сайри гулзори Душанбе,
Лаззат бибари дар сари бозори Душанбе,
Гўи ба назар равзаи ризвони биҳишт,
Идона бувад кучаю бозори Душанбе.
Душанбе яке аз шаҳрҳои зебои Осиёи Миёна мебошад. Шаҳр дар водии Ҳисор дар баландии 750-930 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Тибқи маълумоти бостоншиносон, ин шаҳр таърихи 2300-сола дорад. Номи имрӯзаи Душанбе соли 1676 нахустин бор дар номаи хони шаҳри Балх Субҳонқул Баҳодур ба подшоҳи рус Фёдор Алексеевич зикр шудааст. Дар таърих ёд мешавад, ки мардуми атрофи Ҳисор ҳар рӯзи душанбе ба яке аз деҳаҳои он, ки Душанбеи имрӯза қарор дорад, барои харидуфурӯш меомаданд ва ба ҳамин муносибат ин шаҳрро Душанбе меноманд. Душанбе соли 1925 ҳамчун пойтахти Тоҷикистони Шуравӣ ба худ мақоми шаҳрро гирифт ва аз соли 1929 то 1961 Сталинобод ном дошт. Аз соли 1961 дубора Душанбе номгузорӣ шуд. 
 Шаҳри Душанбе бо шаҳрҳои Санъо (Ҷумҳурии Яман), Лусака (Ҷумҳурии Замбия), Монастир (Ҷумҳурии Тунис), Лоҳур, Исломобод (Ҷумҳурии Исломии Покистон), Клагенфурт (Ҷумҳурии Австрия), Боулдер (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико), Ройтлинген (Ҷумҳурии Федеративии Олмон), Мазори Шариф (Ҷумҳурии Исломии Афғонистон), Теҳрон , Шероз (Ҷумҳурии Исломии Эрон), Санкт-Петербург (Федератсияи Россия), Минск (Ҷумҳурии Беларус), Чиндао, Хайнан, Урумчи, Сямэн (Ҷумҳурии Мардумии Чин), Анкара (Ҷумҳурии Туркия), Ашқобод (Туркманистон), Остона (Ҷумҳурии Қазоқистон), Боку (Ҷумҳурии Озарбойҷон) робитаҳои бародаршаҳрӣ барқарор намудааст.
 Шаҳри Душанбе бо дигар шаҳрҳои давлатҳои қитъаҳои Осиё, Аврупо, Америка ва Африқо дар асоси созишнома ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ робитаҳои бародаршаҳрӣ истиқрор намуда, дорои макону ёдгориҳои зиёдест, ки пайваста сайёҳон аз ин ҷо дидан менамоянд 
 Душанбе яке аз маркази тамаддуни ҷаҳон ба ҳисоб рафта, мизбони чандин конфронсҳои дохиливу байналмилалӣ аст, ки пайваста ҷаҳониёнро бо шиорҳои «Душанбе шаҳри сулҳу ваҳдат», «Душанбе маркази тамаддуни фарҳангӣ» ба дӯстиву бародарӣ ва дипломатияи фарҳангӣ даъват менамояд. Халқи тоҷик дар тули таърихи чандҳазорсолаи худ шаҳру пойтахтҳое бунёд кардааст, ки мавриди таваҷҷуҳи оламиён будаанд. Суннатҳои шаҳрдорӣ ва санъати меъмории онҳо, ки хусусиятҳои миллӣ ва умумибашарӣ доранд, то замони мо боқӣ мондааст. Душанбе барҳақ меросдори онҳост. Имрӯз, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақилу демократӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шудааст, масъулияти шаҳрдорӣ низ ба тадриҷ меафзояд, зеро акнун Душанбе пойтахти давлати мустақилу комилҳуқуқ мебошад. Ҳамаи моро зарур аст, ки ба қадри сарвати пойтахт ва моликияти давлатӣ - об, замин, барқ, боғу дарахтзор, гулбоғу чаманҳо, роҳ, нақлиёт, муҷассамаҳои бузургон, оромгоҳ, зиёратгоҳҳо расида, дар ин шаҳри дилоро чароғи сидқу сафоро фурузон нигоҳ дорем.

Каримзода Зайнаб - мутахасиси пешбари бахши кор бо ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе