ВОХУРИИ МУФИД БО ФАЪОЛЗАНОН ВА ИМОМХАТИБОНИ НОҲИЯ

09.04.2025 21:35

 
Санаи 9 апрели соли 2025 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оила бо фаъолзанону имомхатибон ва сохторҳои дахлдор доир гардид. Дар вохурии мазкур муовини якуми раиси Кумита - Набизода Мадина, Мудири шуъбаи иттилоот ва таҳлили Кумита - Ҳасанзода Шаҳло, муовини сардори раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Маҷидзода Саидумар иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар вохӯрӣ вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эҳё ва ҳифзи фарҳанги миллӣ, пешгирии тақлиди либосҳои ба фарҳанги мо бегона, иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 《Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон》, 《Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак》, 《Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон》, Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2030, Барномаи миллии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024 - 2026 маърӯзаҳо карда шуд.