ОДАМОН АЗ ДӮСТӢ ЁБАНД БАХТ...
05.04.2025 19:36
Бо заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷаҳониён ҳамчун давлати соҳибистиқлол муаррифи гардидааст. Маврид ба зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёда аз 186 давлати дунё муносибатҳои дипломатию сулҳҷӯёнаи худро барқарор намуда, аъзои фаъоли созмонҳои бонуфузи байналмиллалӣ мебошад. Ҳамаи ин муносибатҳо бо меъёрҳои башардӯстона ва сулҳҷӯёна ба роҳ монда шудааст. Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол сиёсати дарҳои бозро пеша намуда, бо ин сиёсат ба самти рушд рафта истодааст. Муносибатҳое, ки байни Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Қирғизистон роҳандози гардидааст, ҳамчун муносибатҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва муносибатҳои иқтисодиро байни кишварҳои дӯсту ҳамсарҳад ва ҳамсоягии некро дар бар гирифта тӯли асрҳост, ки халқҳои ин кишвар дӯсту бародар маҳсуб меёбанд. Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар соҳаи илм фарҳанг ва сайёҳӣ кӯшиш менамоянд риштаи дӯстии худро боз ҳам мустаҳкам намоянд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз моҳи сентябри соли 2016 чандин маротиба мулоқоту вохӯриҳои судмандро анҷом додаанд. Инчунин сарони ду давлат баҳри пешрафти давлатҳо сафарҳои корӣ намуда, созишномаҳои дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисод, молия, нақлиёт, транзит, кишоварзӣ, об, энергетика, маориф, гумрук, сайёҳӣ, тандурустӣ, фарҳанг, амният ба имзо расонидаанд. Вобаста ба ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қирғизистон ҳаминро қайд намудан зарур аст, ки ҳамкориҳои ин ду давлати бо ҳам дӯст ва ҳамсоя ранги дигарро гирифт. Ташрифи сарони ин ду давлат ба даъвати якдигар натиҷаҳои судмандро ба бор овард, ки боиси бастани як қатор созишномаҳо гаштааст. Ҳеҷ як давлат наметавонад бидуни ҳамкорӣ бо дигар давлатҳо махсусан давлатҳои ҳамсоя рушд ва тараққӣ намояд. Чи гунае, ки инсон ба инсон ниёз дорад ҳамчунин давлат ба давлат ниёз дорад. Ҳеҷ як давлат наметавонад ба танҳои рушд кунад, баръакс давлат бе муносибат бо дигар давлатҳо қафо монда заиф мегардад. Ҳамин аст, ки роҳбари азизи мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати хирадмандона ва сулҳҷӯёнаро пеша намуда бо тамоми давлатҳои ҷаҳон махсусан давлатҳои ҳамсарҳади мо ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монда истодааст. Чӣ тавре ки шоири бузурги миллати тоҷик Саъдии Шерозӣ гуфтааст:
Банни одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.
Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст, дар ин рӯзҳо Эъломияи Хуҷанд дар шаҳри бостонии Хуҷанди сарзамини тоҷикон бо имзои сарони се давлати ҳамсояву ҳамфарҳанг муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муҳтарам Садир Жапаров, муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба тасвиб расид, ки ҳадафи он абадият ва пояндагии дӯстӣ мебошад. Дар доираи ин Эъломияи таърихӣ маросими имзои Шартномаи миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Узбекистону Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар доир гардид, ки ин дар муносибатҳои некбинонаи ҳамсоядорӣ самари басо муҳим мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки мизбони чорабинӣ буд, имзои Шартномаи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишварро “санади таърихи” ном бурд. Бигзор ин дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ, чеҳраҳои кушоди сокинон ва фазои ороми минтақаву ин се кишвари ҳаммарз ҷовидона бошад. Дӯстии давлатҳои ҳамсояву бародар пойдору абади бимонад.
Марворид Абдуллоева - мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳияи Фирдавсӣ