ДӮСТИРО ҶУСТУҶӮ ДОРЕМ МО ...
05.04.2025 19:36
Моҳи март дар таърихи руйдодҳои кишвар моҳи бисёр муҳим сапт хоҳад шуд, чунки санаи 12-13-уми марти соли 2025 сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон доир гардид, ки дар ҳошияи ин гуфтушунидҳои барои ҳарду кишвар судовар дар маҷмуъ 16 санади нави ҳамкории дуҷониба имзо шуд. Президентҳои муҳтарами ду давлат дар зери Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ имзо гузоштанд, ки ин барои шаҳрвандони ҳарду кишвар пайки ниҳоят нек буд. Президенти мо дар ҳузури хабарнигорон ин Шартномаро “санади таърихӣ” унвон карда, таъкид карданд, ки ҳарду ҷониб “ба аҳду созишҳои муҳим” даст ёфтанд. Дар ҳамин ҷо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров ба таври маҷозӣ дар маросими бозкушоии ду гузаргоҳ дар сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки дар ҳудуди вилояти Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон ҷойгиранд, иштирок карданд. Шодию сурури сокинони деҳаҳои наздисарҳадии ҳарду кишварро аз оинаи нилгун бармало мушоҳида кардан мумкин буд. Равобити Тоҷикистону Қирғизистон бар пайвандҳои бисёрсолаи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ асос ёфтаанд. Боиси ќайд аст, ки Осиё аз қораи бузургтарин дар ҷаҳон маҳсуб ёфта, минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубии он бо хусусиятҳои хосси ҷуғрофӣ, фарҳангӣ, таърихӣ ва манобеъи табиии худ аз мавзеъҳои стратегӣ маҳсуб мешаванд. Робитаҳои миёни мардумони ин манотиқи аз даврони бостон бо истифода аз Шоҳроҳи Бузурги Абрешим оғоз шуда, бо рафту омади мардумон тавсеа ёфтаанд. Ҳамин тариқ, бо фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ кишварҳои Осиёи Марказӣ истиқлолият дарёфт намуда, равобиташонро бо давлатҳо дар асоси принсипу қонунҳои миллии худ ба роҳ мондаанд. Марҳилаи нави тақвияти ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварњои њамсоя дар сиёсати хориҷӣ дар меҳвари асосӣ қарор дошта, бо эҷоди мактаби сулҳофарин ва ташаббусҳои созандааш рушду тавсеаи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии давлатро бо доштани Истиқлолият ва таҳкими робитаҳои байни давлатҳо шарти асосӣ шумурда, барои тақвият ва таҳким бахшидан ҳамаи онон пайвасат талош менамоянд. Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ҷиҳати анҷом додани мулоқоту музокироти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон, инчунин иштирок дар ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва дигар чорабиниҳои муштарак ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 марти соли 2025 доир гардид. Бояд иброз намуд, ки музокироти сеҷонибаи Президентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров рӯйдоди муҳимми таърихӣ ба шумор меравад. Зеро дар пасманзари ин музокирот санадҳои муҳимми таърихӣ – Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ дар фазои тантанавӣ аз ҷониби сарони давлатҳо – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муҳтарам Садир Жапаров ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба имзо расид. Зимни сухарнорӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки «кишварҳо ва мардумони моро риштаҳои қавии дӯстии бисёрсола, накуҳамсоягӣ ва рушди муштарак бо ҳам мепайванданд. Мо дар Тоҷикистон ба муносибатҳо бо Қирғизистон ва Узбекистон, ки бар пояҳои накуҳамсоягӣ, баробарҳуқуқӣ, эҳтиром ва бо назардошти манфиатҳои ҳамдигар асос ёфтаанд, баҳои баланд медиҳем». Дар охир, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуданд, ки натиҷаҳои мулоқоти роҳбарони се кишвари ҳамсоя «ба таҳкими минбаъдаи дӯстӣ, муносибатҳои накуҳамсоягӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ва эътимоди мутақобил, инчунин ҳамкории созандаву муассир миёни кишварҳоямон ва мардумони бародар мусоидат менамоянд». Таъйини сарҳади давлатии Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон ҳамчун сарҳади дӯстии абадии се кишвар ва се халқи бародар, тақвияти муносибатҳои дӯстона, идораи мусолиматомези об, ҳифзи асолати этникӣ ва забонии халқҳои тоҷику қирғиз ва узбек, фароҳам овардани шароити мусоид барои тоҷикони этникии дар ҳудуди кишварҳои Узбекистон ва Қирғизистон сукунатдошта ва қирғизҳову узбекҳои этникии дар қаламрави Тоҷикистон истиқоматкунанда мебошад. Ин дастовард, бешубҳа, барои ҳарсе миллат ва давлат хеле муҳим ва пурарзиш буда, он натиҷаи талошҳои роҳбарони ин кишварҳо ва кӯшишҳои хастагинопазири ҳайатҳои дастбакорон буданд. Дар замони таззодҳои сиёсӣ, бебандубории равандҳои глобалӣ ва ҳарисии иқтисодии баъзе абарқудратҳо ин музаффарияти сиёсии тоҷикону қирғизон ва узекон айни муддаост. Ва муҳимтар аз ин он аст, ки ба қадри сулҳу осоиш ва ҳамсоядории нек бирасем, дасти ҳамдигар бигирем, минтақаро аз хатарҳои эҳтимолӣ ба мисли як пайкари қавӣ нигоҳ дорем.
Фазлиддин Маҳмадраҳимзода - мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси ноҳияи Фирдавсӣ
Фазлиддин Маҳмадраҳимзода - мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси ноҳияи Фирдавсӣ