ҲИФЗИ ПИРЯХҲО - ҲИФЗИ ҲАЁТ

05.04.2025 19:11

 
Пиряхҳо яке аз манбаъҳои асосии обӣ дар тамоми кишварҳо ба шумор меравад. Барои бо об таъмин будани кишварҳои ҷаҳон пирях замимаи асосӣ ва асоси манбаи обӣ ба шумор меравад, чунки бе об ҳеҷ як нафаре наметавонад зиндагонӣ намуда умр ба сар барад. Барои дар сатҳи байналмилалӣ ошно сохтани ин гуна мафҳумҳо саҳми бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беандоза мебошад. Бояд гуфт, ки зимни нахустин ҷаласаи ташаббускорони обу иқлим моҳи марти соли 2021, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об ва афзоиши аҳолӣ, ки метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад, равшанӣ андохта буданд. Пирях дар шароити тадқиқи геологии водиҳо ва кӯҳҳо аҳмияти ниҳоят калон дорад. Дар бораи об Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланд суханронӣ намуда фикру ақидаҳои худро оиди масъалаҳои об ба ҷаҳониён пешниҳод гардонидаанд. Тоҷикистон аз захираи об бой буда қариб 7000 пирях, кулҳои гуногунҳаҷм, чашмаҳои одию маъдании бешуморро доро мебошад. Пас месазад, ки бо чунин диёри зебоманзар ифтихор намуда шукронаи ҳар қатраи обаш бикунем. Албатта ин суханрониҳо диққати ҷаҳониёнро ба ин масъала ҷалб месозад. Бояд дар ин раванд мо бикушем, ки обро неъмати бебаҳо дониста онро озода ва покиза нигоҳ дорем. Ба ҳамагон маълум мебошад, ки бе об ҳаёт нест. Об ин нерудиҳанда ба шумор меравад. Пас месазад пиряхҳоро, ки манбаи обӣ ба шумор мераванд ҳифз намуд. Аз ин ҷост, ки ташаббусҳои Пешвои миллат доир ба об ва сиёсати обӣ аз ҷониби СММ пайваста дастгирӣ меёбад. Пешниҳоди навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи 14 декабри соли 2022 аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи “2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбари шуда буд, бо иттифоқ онро кабул кард. Боиси ифтихор мебошад, ки Соли 2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март ҳамчун рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардид. Вобаста ба афзоиши аҳолӣ дар ҷаҳон ва тағйирёбии иқлим норасогии оби ошомидани бошиддат меафзояд. Ҳамасола танҳо тавассути маълумотҳо аз норасогии об ва сифати пасти об миллионҳо одамон ба маризиҳои гуногун дучор шуда ба ҳалокат мерасанд. Аллакай маълум аст, ки об ҷузъи сиёсати ҷаҳони маҳсуб меёбад. Пиряхҳо сарчашмаи об ба ҳисоб мераванд. Пиряхҳо захираи асосии обӣ ба ҳисоб рафта, обшавии босуръати онҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об ки бо афзоиши аҳоли вобастаги дорад метавонад ба оқибаҳои манфи оварда расонад. Ин раванд ба паст шудани маҳсулоти кишоварзӣ афзоиши норасоии об таъсир мерасонад. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки пиряхҳоро ҳифз намуда, обро ҳамчун сарчашмаи ҳаёт самаранок истифода барем.

Марворид Абдуллоева - мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳияи Фирдавсӣ