БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ ИЛМӢ - АМАЛӢ ТАҲТИ УНВОНИ
04.04.2025 21:21
Санаи 4 апрели соли ҷорӣ дар толори Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ дар ҳамкорӣ бо роҳбарияти коллеҷи мазкур бахшида ба имзои Эъломияи Хуҷанд ҳамоиш таҳти унвони"Ҳамрайъӣ аз эъломияи Хуҷанд: дӯстии абадӣ - омили осудаҳолӣ ва рушди кишварҳо" баргузор гардид. Дар ҳамоиш директори муассисаи давлатии нашриёти "Ирфон", намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Ҷалилзода Маъруф, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳияи Фирдавсӣ ва муовини директори Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе Ҳамидов Саъдулло иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки Эъломияи Хуҷанд оид ба дӯстии абадӣ барои рушди ҳамкории минбаъда шароити мусоид фароҳам меорад. Он марҳилаи нав дар раванди таърихии ҳамкории минтақавӣ ба ҳисоб меравад.
Тавре Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, «...мо ба анъанаҳои деринаву созандаи ҳамзистии дӯстонаи мардумони Осиёи Марказӣ содиқ мемонем. Бо ин мақсад дар муносибатҳоямон бо кишварҳои ҳаммарз ба пешбурди сиёсати дӯстӣ, ҳамсоягии нек, адами мудохила ба корҳои дохилии якдигар, истифодаи воситаҳои дипломативу сиёсӣ дар ҳалли масъалаҳои баҳснок, аз ҷумла масъалаҳои сарҳадӣ ва обу энергетика афзалияти комил хоҳем дод».