БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ

04.04.2025 21:01

 
Санаи 4 апрели соли 2025 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ барои ишғоли 7 мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ бо иштироки намояндагон аз Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Комиссияи босалоҳияти соҳавӣ озмун баргузор гардид. Довталабоне, ки дар даври ниҳоии озмун иштирок намуда, аз ҷониби Комиссияи озмунӣ холҳои гузаришро ба даст оварданд, барои таъин гардидан ба мансабҳои ишғолшаванда тавсия дода шуданд.