БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ДАР МАҚОМОТИ ИҶРОЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
24.09.2024 15:07
Санаи 24 сентябри соли 2024 бо иштироки намояндаи Агентии хизмати давлатии назди Презинденти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душнбе, инчунин ҳайати Комиссияи озмуни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ озмуни ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ барои ишғоли 5 мансаб баргузор гардид. Зимни баргузории озмун ба маҳорату малака ва қобилияти довталабон аз рӯйи мансаби ишғолшаванда аз ҷониби комиссия баҳогузорӣ карда шуда, дар асоси хулосаи комиссияи озмунӣ 3 нафар барои таъин ба мансаб пешниҳод карда шуданд. Бояд ёдовар шуд, озмуни ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ дар доираи талаботи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амалкунанда баргузор карда шуда, масъалаи мазкур зери назорати мунтазами роҳбарияти ноҳия қарор дода шудааст.