ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ, МУҲТАРАМ ГУРЕЗЗОДА УМЕД БА МУНОСИБАТИ 33-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
08.09.2024 21:22
Ҳамдиёрони азиз! Шумо ва дар шахси Шумо кулли мардуми шарафманди Тоҷикистони азизамон ва ҳамватанони бурунмарзиро ба муносибати 33-юмин солгарди таҷлил аз Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош мегӯям. Мусаллам аст, ки Истиқлолияти давлатӣ барои миллати тамаддунофари тоҷик ба осонӣ ба даст наомадааст. Ҷонбозиҳои фарзандони далери диёрамон, азму иродаи қавӣ ва хиради азалии ҳамватанони азизамон боиси он гардид, ки ин неъмати бебеҳо ба мо насиб гардад. Хушбахтона, маҳз пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар марҳилаи на чандон тулонии таърихи башар миллати тамаддунсози тоҷик зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки на танҳо дар дохили мамлакат, балки ҳатто дар сиёсати хориҷии худ низ аз ҳадафҳои муҳимтарини стратегие пайгирӣ намояд, ки ба рушди минбаъдаи кишвар, ояндаи дурахшони мамлакат ва беҳтар кардани сатҳи зиндагии мардум нигаронида шуда, дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро мустаҳкамтар сохта, имиҷи байналмилалии онро муаррифӣ созад. Маҳз, зери роҳбарии оқилонаи бевоситаи Пешвои муаззами миллат раванди корҳои бунёдкориву созандагӣ ва ислоҳоти амиқи иқтисодиву иҷтимоӣ роҳандозӣ гардида, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳонидани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар ба самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил дода шуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва даҳҳо созмони байналмилаливу минтақавӣ мубаддал гардонида шуд. Истиқлолияти давлатӣ барои миллати шарафманди тоҷик яке аз рӯйдодҳои бузургтарини таърихие мебошад, ки дар тақдири халқи куҳанбунёди мо гардиши куллиро ба вуҷуд оварда, имкони бунёди роҳи рушди ҳамаҷонибаро ба кишвари ҷавону умедбахши мо фароҳам овард. Ин аст, ки ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сиёсати хирадмандонаи сарвари оқилу дурандешамон идомаи анъанаҳои фарҳангиест, ки Сарвари давлат онҳоро ҳадафмандона рӯйи кор оварда истодаанд ва онҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди эътирофу эҳтиром қарор гирифтаанд. Яъне, ин аз он дарак медиҳад, ки проблемаҳои ҳатто як миллати дигар миллати тоҷикро низ ором намегузорад. Мушкилии як миллат мушкилии башарият тасаввур мегардад. Ин гуна бархӯрд ва ин гуна муносибат дидгоҳи башардӯстона буда, чунин мавқеъгириҳои роҳбари давлатамон обрӯи миллати тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ боло мебарад ва миллати онро тавре муаррифӣ месозад, ки он нисбат ба тақдири оламу одам бетараф нест. Ҳамаи ин дастовардҳои камназир натиҷаи Истиқлолияти давлатӣ ва заҳматҳои шабонарӯзии роҳбарияти олии мамлакатамон мебошанд. Дар муддати се даҳсола халқи куҳанбунёди тоҷик зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат пояҳои давлатдориамонро барқарору устувор, кишвари маҳбубамон ободу зебо ва миллати некному фарҳангсолори тоҷик соҳиби шароити арзандаи зиндагӣ гардид. Тавре Пешвои миллат барҳақ қайд менамоянд: «Истиқлолият – натиҷаи заҳмату талош, ҷоннисориҳо ва иродаи матини гузаштагони пурифтихорамон буда, ҳифзу нигоҳдошти он чун гавҳараки чашм қарзи виҷдониву инсонии ҳар як тоҷику тоҷикистонист». Аз ин рӯ, дар чунин шароити ҷаҳони имрӯза ободу пешрафта гардонидани Тоҷикистони азизамон, нигоҳ доштани дастовардҳои истиқлолият ва таҳкими онҳо рисолати ҳар як фарди ватандӯст, дарки маънии ин арзиши воло аз ҷониби ҳар як сокинони кишвар қарзи муҳимтарини шаҳрвандист. Дар охир, бори дигар, тантанаи истиқлолу озодӣ ва таҷлил аз 33-юмин солгарди ин ҷашни пуршукуҳро ба кулли ҳамватанонамон сидқан табрик гуфта, таманои онро дорам, ки парчами сулҳу осоиш дар фазои беғубори ватани маҳбубамон ҳамеша парафшон бошад.
Ҷашн муборак !
Бо эҳтиром, Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе - Умед Гуреззода
Ҷашн муборак !
Бо эҳтиром, Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе - Умед Гуреззода