ҶАРАЁНИ КОРҲОИ БУНЁДКОРИВУ СОЗАНДАГӢ ВОБАСТА БА ТАҶЛИЛИ САЗОВОР АЗ 35 СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

07.06.2024 19:42

 
Санаи 6 июни соли 2024 дар якҷоягӣ бо муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Усмоналӣ Усмонзода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ, муҳтарам Мақсудзода Шуҳрат, Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, муҳтарам Умед Гуреззода ва дигар шахсони расмӣ аз рафти корҳои бунёдкориву созандагӣ дар иншооти маишӣ ва хизматрасонӣ, инчунин як қатор хоҷагиҳои деҳқонӣ дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, ҷиҳати иҷрои бандҳои алоҳидаи Нақшаи чорабиниҳо оид ба корҳои созандагӣ вобаста ба таҷлили сазовор аз 35 солагии Истиқлолияти давлатӣ боздид ба амал оварданд. Зимни шиносоӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти таъиноташон гуногун, аз ҷумла бинои шуъбаи маориф, ёрии таъҷилӣ ва дигар иншооти маишӣ, инчунин рафти кишт ва ҷамъоварии ҳосили маҳсулоти полезии ниёзи аввал дар ноҳия ба масъулин дастуру супоришҳо ва тавсияҳои судманд дода шуд.