ТАҚДИМИ ТУҲФАҲОИ ИДОНА БА КӮДАКОНУ НАВРАСОН БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАК

01.06.2024 17:50

 
Санаи 31 майи соли 2024 бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмиллалии ҳифзи кӯдакон ба 90 нафар таълимгирандагони Муассисаи давлатии таҳсилоти умумии асосии “Мактаб- интернати №2 барои кӯдакони имконияти маҳдуддошта”- и шаҳри Душанбе туҳфаҳои хотиравӣ, аз қабили сару либоси тобистона ва анвои гуногуни шириниҳо тақдим карда шуд. Тадбирҳои мазкур дар пайравӣ аз сиёсати инсонпарваронаи Пешвои муаззами миллат рӯйи кор омада, ба таври мустақим идома дода мешавад. Иқдоми мазкур аз як тараф ба шодиву болидарӯҳии кӯдакон мусоидат намояд, аз ҷониби дигар дар самти баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва таълиму тарбияи ин қишри ҷомеа ҳамчун насли солор нақши муҳим мебозад.