БАРГУЗОРИИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРУҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ

15.05.2024 16:15

 
Санаи 14 майи соли ҷорӣ дар толори Муассисаи давлатии таълимии гимназияи №74 ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо ҷалби доираи васеи алоқамандон даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» ташкил ва баргузор карда шуд. Дар даври мазкур 303 нафар довталабони синну соли гуногун аз рӯйи 4 номинатсия аз ҷумла: адабиёти классикӣ, адабиёти бачагона, адабиёти муосир ва адабиёти ҷаҳон иштирок намуда, аз ҷониби ҳакамони озмун баҳогузорӣ карда шуданд. Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади бедор намудани шавқу рағбати сокинони касбу кори гуногун, махсусан ҷавонону наврасон ба китобхонӣ ва тарбияи маънавии шаҳрвандони кишвар роҳандозӣ гардида, ҳамасола бо як шукуҳу шаҳомати хосса ва зарфияти аз соли қаблӣ бештари иштирокдорон баргузор мегардад.