РАФТИ БУНЁДИ ЧОҲҲОИ АМУДИИ ОБИЁРИКУНАНДА ДАР ШОҲРОҲИ САМТИ ДУШАНБЕ – БОХТАР

03.05.2024 12:56

 
Бо ташаббуси Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, муҳтарам Умед Гуреззода ҷиҳати обиёрӣ намудани заминҳои корами ҳудуди ноҳия, махсусан заминҳои обии ду канори шоҳроҳи самти Душанбе – Бохтар 4 адад чоҳи амудӣ бунёд карда шуда, заминҳои гирду атрофи шоҳроҳ дар ҳаҷми 121,2 га., якҷо бо дарахтони шинонидашуда бо шумораи 1900 адад, аз ҷумла 670 адад дарахтони навъи сафедор шодоб карда шуданд. Маврид ба зикр аст, ки иншооти иригатсионии мазкур тавассути қубурҳои интиқолдиҳандаи об ба дарозии 1500 метр тул кашида, дар дилхоҳ мавсим мавзеи мазкурро метавонад бо ҳаҷми зарурии об таъмин намояд. Иқдомҳои созанда ва бунёдкоронаи масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдасӣ бо маром ҷараён дошта, рӯз то рӯз вусъати тоза касб намуда истодаанд.