ШАНБЕГИИ ДАСТАҶАМЪОНА ДАР ШОҲРОҲИ САМТИ ДУШАНБЕ - БОХТАР

10.03.2024 22:29

 
Бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани симои ноҳия ва пойтахти кишвари азизамон санаи 9 марти соли 2024 дар шоҳроҳи самти Душанбе - Бохтар бо иштироки сокинони шаҳраку маҳаллаҳо ва кормандони ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия шанбегии дастаҷамъона ташкил ва баргузор карда шуд. Ёдовар мешавем, ки чунин тадбирҳо тибқи дастури Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, муҳтарам Умед Гуреззода ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе ва якшанбе доир карда шуда, корҳо дар ин самт дар доираи нақшаи бунёдкорӣ дар ноҳия бо вусъати тоза идома доранд.