ЧОРАБИНИИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ БОНУВОН

07.03.2024 01:17

 
Баҳри гиромидошти олиҳаи зебоӣ, сарчашмаи ҳаёти музаффар – зан модар бахшида ба Рӯзи бонувон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе санаи 6 марти соли 2024 дар толори тарабхонаи Яккачинор чорабинии идона баргузор карда шуд. Дар он Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, муҳтарам Гуреззода Умед иштирок намуда, фаъолзанону бонувони касбу кори гуногунро ба муносибати ҷашнашон самимона табрик гуфта, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ супориданд. Ба чорабинии ҷашнӣ ҳунару маҳорати ансамбли рақсии назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва навову оҳанги сарояндагони шинохтаи кишвар ҳусну таровати тоза бахшида, хотири ҳозиринро болида гардониданд.