ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ «КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

29.02.2024 21:16

 
Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар толори тарабхонаи «Парфенон» даври шаҳрии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст гардид, ки дар он кадбонуҳои ташкилоту муассисаҳо ва шаҳраку маҳаллаҳои шаҳри Душанбе аз чор ноҳияҳои шаҳр иштирок карда, ҳунару маҳорати хешро ба ҳайати ҳакамон пешниҳод намуданд. Дар даври шаҳрии озмуни мазкур иштирокчиён бо ҳунару завқи кадбонугӣ, аз ҷумла, дар пухту пази таомҳои миллӣ аз рӯйи номинаҳои ороиши дастархон, доштани малакаи истифода ва гузоштани зарф ва ашёи болои миз, омода ва пешниҳоди хуришҳо, пешниҳоди маълумот оид ба номҳои дурусти таомҳо, ғизонокӣ ва таркиби он дар лавҳаҳо, маҳорати омода намудани хӯрокҳои маҳаллӣ, миллӣ ва муосир, малакаи омода намудани намудҳои гуоногуни хамир барои пухтани нон ва дигар маҳсулоти нонӣ ба намоиш гузошта шуда, пешкаши ҳайати ҳакамон гардонида шуд. Ҳадаф аз баргузории озмуни «Кадбонуи беҳтарин»- ин ҷалб намудани занону духтарони ҳунарманд, кадбонуҳои соҳибзавқ ҷиҳати эҳё ва рушди анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати хонадорӣ, омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақилона, парвариши эҳсоси худшиносӣ ва меҳанпарастӣ, эҳё ва ҳифзу нигоҳдошти беҳтарин суннатҳои миллии ниёгонамон дар самти омода намудани хӯрокҳои миллӣ, хӯришҳои болаззат, таомҳои маҳаллӣ, баланд бардоштани завқи кадбонугӣ ва ҳунари дастархонороӣ мебошад. Ёдовар мешавем, ки дар озмуни мазкур кадбонуҳои ноҳияи Фирдавсӣ аз рӯи 3 наминатсия: таомҳои миллӣ маҳаллӣ, хуришҳои болаззат ва ороши дастархони миллӣ ширак варзида, сазовори ҷойи дуюм гардиданд.