РАФТИ КОРҲОИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР ШОҲРОҲИ САМТИ ДУШАНБЕ - БОХТАР

27.02.2024 20:25

 
Санаи 27 феврали соли 2024 бо мақсади ободу зебо гардонидани гӯшаву канори пойтахти маҳбубамон ва иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ва Раиси шаҳри Душанбе вобаста ба ин масъала дар шоҳроҳи автомобилгарди самти Душанбе – Бохтар бо ҷалби доираи васеи кормандони Раёсати истифодабарии роҳҳо ва Муассисаи давлатии нигоҳдории боғу гулгашт ва майдончаҳои варзишии ноҳияи Фирдавсӣ, инчунин дигар масъулин маъракаи шинонидани ниҳолу буттаҳои ороишӣ ва сояафкан сурат гирифт. Дар он бо истифода аз техникаи корӣ ҷой барои шинонидани дарахтон омода карда шуда, зиёда аз 700 бех дарахти сафедор шинонида шуд. Тадбирҳои ҳамсон дар қаламрави ноҳия бо вусъати нав ба нав идома дошта, масъалаи мазкур зери назорати бевоситаи Раиси ноҳияи Фирдавсӣ, муҳтарам Гуреззода Умед қарор дорад.