БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ - СИЁСӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

21.02.2024 21:42

 
18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида, он дар заминаи «Фронти халқӣ» ва қувваҳое, ки Ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис дода шуд. Ҳамин тариқ, 23-юми феврали соли 1993 дар пойтахти кишвар, шаҳри Душанбе бори нахуст паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд. Ҳукумати кишвар бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ ҳанӯз аз марҳалаҳои аввали таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ба таҷдиду азнавсозии инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда эътибори хосса дода, дар баробари таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир, ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ шурӯъ намуда буд. Афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ (1992-1997) ва шиддат гирифтани вазъи минтақавиву ҷаҳонӣ қарзи ватандории хешро садоқатмандона иҷро намуда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, таъмини сулҳу субот ва безарар гардонидани гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ рисолати фарзандиву шаҳрвандии худро ба таври шоиста адо намуданд.
Санаи 21 феврали соли 2024 бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба хотири гиромидошти хотираи таърихӣ ва арҷгзорӣ ба оини артишдории ниёгон ва поси хотири родмардони арсаи нангу номус - ҳомиёни асили Ватан ва марзу буми муқаддас, ҳамзамон ба ифтихори 31 - солагии таъсисиёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии сиёсӣ - фарҳангӣ бо иштироки сарбозон ва собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия ва дигар шахсони расмӣ баргузор карда шуд. Дар оғози чорабинӣ муовини Раиси ноҳия - Шукурзода С.Н. баромад намуда, табрикоти Раиси ноҳия, муҳтарам Гуреззода Умедро ба ҳозирин расонид. Дар рафти ироаи баромади расмӣ Шукурзода С. ба муҳимияти артиш- ҳамчун неруи таъмингари суботи сиёсӣ ва ҳомии якпорчагии марзу буми кишвар, инчунин арҷгузорӣ ба хотираи неки қурбониёни арсаи дифои Ватани азиз таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, нақши Пешвои муаззами миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон- муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмонро дар роҳи бунёдӣ артиши миллӣ беназир ва ҳалкунанда номид. Дар қисми фарҳангии чорабинӣ ҳунармандони шинохтаи кишвар якҷо бо ансамбли рақсӣ ва дуторнавозони ноҳия бо сурудани оҳангҳои дилнишин дар васфи Модар - Ватан ва иҷрои рақси ҷолиб хотири ҳозиринро болида гардониданд.