БАРГУЗОРИИ НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ФИРАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

14.02.2024 22:23

 
Санаи 14 феврали соли 2024 дар асоси нақшаи тасдиқнамудаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳузури намояндагони васоити ахбори оммаи мамлакат ва иштироки масъулини воҳидҳои сохтории ноҳия нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фиравсӣ доир гардид. Нишасти мазкурро Раиси ноҳияи Фирдавсӣ, муҳтарам Гуреззода Умед ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро барои ташрифашон хайрамақдам гуфтанд. Сипас, дар доираи регламенти пешбинигардида Раиси ноҳия ба ҳозирин оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, дурнамо ва афзалиятҳои соҳавӣ, нишондиҳандаҳои мусбӣ ва қаноатбахши соҳаҳои ҳаётан муҳим, иҷроиши нақшаву стратегияҳо, инчунин корҳои анҷомдодашуда дар соли гузашта ва вазифаҳо барои соли оянда дар ноҳия маълумот ироа намуданд. Баъд аз пешниҳоди маълумоти муфассал намояндагони васоити ахбори омма ба Раиси ноҳия вобаста ба баъзе аз мушкилоти ҷойдошта саволу пешниҳодҳои худро манзур намуданд, ки аз ҷониби Раиси ноҳия ба онҳо ҷавобҳои мушаххас дода шуд. Дар охир, бо қаноатмандӣ аз ташкили фазои озод ва мусоид барои мусоҳиба ва баёни андеша рӯзноманигорон афкору таассуроти худро изҳор дошта, ба роҳбарияти ноҳия миннатдорӣ баён намуданд. Раиси ноҳия, муҳтарам Умед Гуреззода бо додани супоришҳои қатъӣ ҷиҳати ислоҳи саривақтии камбудиҳои ҷойдошта ва таманиёти нек ба кулли иштирокчиён баъд аз анҷоми вақти муайяншуда нишасти матбуотиро пӯшида эълон намуданд.