БАРГУЗОРИИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ “КАДБОНУИ БЕҲТАРИН” ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

14.02.2024 21:34

 
Санаи 13 феврали соли 2024 бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ дар толори тарабхонаи «Яккачинор» даври ноҳиявии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид, ки дар он кадбонуҳои ташкилоту муассисаҳо ва шаҳраку маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия иштирок дошта, ҳунару маҳорати хешро ба ҳайати ҳакамон пешниҳод намуданд. Даври ноҳиявии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» бо мақсади ташкил ва гузаронида шуд.
Дар даври ноҳиявии озмуни мазкур иштирокчиён бо ҳунару завқи кадбонугӣ, аз ҷумла, дар пухту пази таомҳои миллӣ аз рӯйи номинаҳои ороиши дастархон, доштани малакаи истифода ва гузоштани зарф ва ашёи болои миз, омода ва пешниҳоди хуришҳо, пешниҳоди маълумот оид ба номҳои дурусти таомҳо, ғизонокӣ ва таркиби он дар лавҳаҳо, маҳорати омода намудани хӯрокҳои маҳаллӣ, миллӣ ва муосир, малакаи омода намудани намудҳои гуоногуни хамир барои пухтани нон ва дигар маҳсулоти нониро ба намоиш гузошта, пешкаши ҳайати ҳакамон гардониданд.
Ҳадаф аз баргузории озмуни «Кадбонуи беҳтарин» - ин ҷалб намудани занону духтарони ҳунарманд, кадбонуҳои соҳибзавқ ва чирадаст ба эҳё ва рушди анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати хонадорӣ, омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақилона, парвариши эҳсоси худшиносӣ ва меҳанпарастӣ, эҳё ва ҳифзу нигоҳдошти беҳтарин суннатҳои миллии ниёгонамон дар самти омода намудани хӯрокҳои миллӣ, баланд бардоштани завқи кадбонугӣ ва ҳунари дастархонороӣ мебошад. Аъзои хакамон бар ҳар дастурхони омоданамудаи иштирокчиён баҳои муносиб гузоштанд.
Дар ҷамъбасти озмуни мазкур маҳорати иштирокчиён аз чониби ҳакамон баҳогузорӣ гардида, ғолибони ҷойҳои ифтихорӣ аз ҷониби кумитаи тадорукот бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гашта, иштирок дар даври шаҳрии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» роҳхат гирифтанд.