НАТИҶАГИРӢ ВА ВАЗИФАГУЗОРӢ ОИД БА КОРҲОИ ОМОДАГӢ ҶИҲАТИ ИҶРОИ БОСИФАТИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ҶАВОНОН БА САФФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

12.02.2024 23:04

 
Санаи 12 феврали соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар шахсони расмӣ дар ҳузури раисони шаҳраку маҳаллаҳо, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва имомхатибони ноҳияи Фирдавсӣ вохурӣ доир гардид. Дар он, вазъи корҳои омодагӣ ҷиҳати иҷрои босифати нақшаи даъвати ҷавонон ба қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе зимни даъвати баҳорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба масъулини самт ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта супоришҳои мушаххас дода шуд. Зикр гардид, ки вусъат бахшидани раванди ҷалби ҷавонони синну соли даъват ба курсҳои кутоҳмуддати ронандагӣ ва гузаронидани суҳбату вохуриҳо бо волидайни онҳо дар миқёси шаҳраку маҳаллаҳо омили таъсиргузор баҳри иҷрои нақша буда, вобаста ба ин аз масъулин ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳисси масъулияти баланд ва сатҳи кордонӣ, инчунин ирода ва малакаи дурусти корбарӣ талаб карда мешавад.