ҶАЛАСАИ НАЗДИ РАИСИ НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ВОБАСТА БА ШАРҲУ ЭЗОҲИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ 28 ДЕКАБРИ СОЛИ 2023 МИЁНИ МАСЪУЛИНИ ВОҲИДҲОИ СОХТОРИИ НОҲИЯ ВА ФАЪОЛОНУ СОКИНОН

02.02.2024 13:18

 
Бо мақсади омӯзиши самараноки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарҳу тавзеҳи он миёни қишрҳои ҷомеа, ки мутобиқи банди 1 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2024, №АП 484 тасдиқ шудааст, инчунин иҷрои банди 1 Нақшаи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои соли 2024, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 29 декабри соли 2021, №729 ба тасвиб расидааст, санаи 1- уми феврали соли ҷорӣ бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷиҳати шарҳу эзоҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Раиси ноҳия бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Саидзода Фирдавс Ҳамро, мудири шуъбаи назорати дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе- Нурова Руҳафзо ва муовини сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе – Собиров Ато ҷаласа доир гардид. Ҳамзамон, дар ҷаласаи мазкур муовинони Раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи Раиси ноҳия ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, ташкилоту идораҳо, муассисаҳои соҳаи маориф ва тандурустӣ, раисони Шӯрои маҳаллаҳо ва сардорони нозиротҳои минтақавии идоракунӣ ва хизматрасонии фонди манзили аз №1 то 9 ва дигар фаъолони ноҳияи Фирдавсӣ ширкат доштанд.
Ҷаласаро Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, муҳтарам Гуреззода Умед ҳусни оғоз бахшида, бо муаррифии меҳмонон онҳоро барои ташрифашон хайрамақдам гуфта, ҷиҳати ироаи баромади расмӣ суханро ба муовини Раиси шаҳри Душанбе, Саидзода Фирдавс Ҳамро доданд.
Саидзода Фирдавс Ҳамро, зимни суханронии худ бо ёдоварӣ аз нишондиҳандаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ ва муқоисаи онҳо бо давраҳои гузаштаи ҳаёти иҷтимоӣ ҷомеа афзалият ва дурнамои тараққиёти бемайлони соҳаҳоро таъкид намуда, зикр карданд, ки маҳз меҳнати аҳлона дар фазои ваҳдати комил метавонад моро ба дастовардҳои аз ин ҳам бузургтар ноил гадонад. Дар рафти суханрониҳои худ мудири шуъбаи назорати дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе - Нурова Руҳафзо ва муовини сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе – Собиров Ато низ аз муҳимияти паём ҳамчун санади стратегӣ ва нақши он дар ташаккул ва такомули соҳаҳои авлавиятноки кишвар ёдовар шуда, онро раҳнамои ҳар як фарди худогоҳи ҷомеа унвон намуданд.
Дар охир, Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, муҳтарам Умед Гуреззода ба меҳмонон барои ибрози суханҳои наҷиб ва зарурӣ изҳори сипос намуданд.
Муҳтарам Гуреззода Умед, бо ёдоварӣ аз гуфтори самимӣ ва суханони мондагори, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатиашон ба парлумони касбии мамлакат иброз доштанд, ки паём ҳамчун дастури амал ва санади роҳнамо барои соҳаҳои калидии мамлакат нақши бориз дошта, он таъмингари рушди муназзами соҳавӣ ифодаи бараълои талошҳои бедареғи миллати заҳматқарини тоҷик дар тули як сол мебошад. Раиси ноҳия, аз ҳозирин даъват ба амал оварданд, ки гуфтори паёмро сармашқи кори худ қарор дода, дар партави сиёсати созанда ва бунёдгаронаи абармарди арсаи сиёсати кабир, фарзонафарзанди миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми иқтидорҳои зуруриро равона намуда, аз пештара дида бештар баҳри нумуъ ва гулгуншукуфоии ватани азизамон – Тоҷикистони маҳбуб якдилона заҳмат кашем.
Бо баёни гуфтори болозикр ва таманиёти нек ба ҳозирин, муҳтарам Умед Гуреззода ҷаласаро пӯшида эълон намуданд.