ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ САДА ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

31.01.2024 20:36

 
Санаи 28 январ соли 2024 дар МД «Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе» иди Сада ва намоиш-фурӯши ниҳолу тухмии зироати кишоварзӣ баргузор гардид.
Дар ин рӯз, кишоварзони тамоми шаҳру навоҳии мамлакат техникаҳои кории кишоварзӣ, навъҳои тухмии зироат ва техникаҳои соҳавӣ, хӯрокҳои миллӣ, ярмарка-фурӯши ниҳол, гулу буттаҳои ороишӣ ва дигар маҳсулотеро, ки ифодагари ҷашни Сада мебошанд, ба намоиш гузоштанд.
Сада, аз ҷашнҳои қадим ва маъруфи мардуми мо аст, ки дар радифи ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон ва Тиргон қарор дорад ва дар фарҳангномаҳо ва осори назму насри пешиниёнамон зиёд ёд шудааст. Дар таърихи куҳани мардуми мо панҷ моҳ, яъне аз оғози моҳи Обон то анҷоми моҳи Исфандро фасли сармо ё зимистони бузург ном мебурданд. Ҷашни Сада оғози коҳиш ёфтани фасли сармо аст, яъне сад рӯз пас аз оғози ҳамин фасл ва панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз то ҷашни Наврӯз ҷашни Сада ё ҷашни оташ таҷлил мегардид.
Ба хотири гиромидошти анъана ва суннаҳои неки ниёгони пурифтихорамон, муаррифии фарҳанги асили миллати куҳанбунёд, инчунин ҷонибдорӣ аз сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе низ дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳо дар ҷашни Сада бо иштирок намуда, намунаи ҳунарҳои милливу мардумӣ, таомҳои гуногун, тухмии зироат ва дигар дастовардҳои худро ба намоиш гузоштанд.