ТАШРИФИ КОРВОНИ МОДАРОН БА ҚИСМИ НИЗОМИИ 0123 ҚУШӮНҲОИ САРҲАДИИ КУМИТАИ ДАВЛАТИИ АМНИЯТИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ШИНОСОӢ БО ШАРОИТИ ХИЗМАТИ САРБОЗОНУ АФСАРОН

21.02.2023 10:41

 
Дар доираи дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баргузории чорабиниҳои сиёсӣ фарҳангӣ ва ҳарби варзишӣ бо тарғиби арзишҳои миллӣ ва ваҳдату ягонагӣ ҳамчунин шиносои бо шароити хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар бахшида ба 30-юмин солгарди таъсисёбии Қуваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоишҳои гуногун ташкилу роҳандозӣ шуда истодаанд.
Ин навбат дар қисми низомии 0123 - и Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия чорабинии маърифатию сиёсӣ доир гардид. Дар оғози чорабинии навбатӣ падару модарони сарбозони дар ин қисми низомӣ адои хизматдошта, бо дастовез ба дидори фарзандони хеш омаданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар чорабинии навбатӣ муовинони Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар ва Абдураҳмонзода Абдураҳмон, роҳбари Дастгоҳи Кумитаи Иҷрояии Марказии ҲХДТ роҳбаричти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ва дигар нафарон иштирок доштанд.
Пеш аз оғози ҳамоиш сарбозон ба иштирокдорон дар ҳолати омодабош қарор доштани хайати шахсӣ ва дуруст истифода бурдани яроқу аслиҳаро дар ҳама ҳолатҳо пешкаш карданд.
Сипас, дар майдони сафороии қисми ҳарбӣ чорабинии фарҳангӣ доир гардид. Нахуст зимини чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар сухан карда, зикр намуданд, ки афсарону сарбозони шуҷоъу далери Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бо савганди ҳарбии худ содиқ буда, рисолати шаҳрвандияшонро назди Ватан-Модар бо сарбаландӣ адо мекунанд. Дар ин самт афсарону сарбозони қисмҳои низомии мамлакат донишу таҷриба, малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи дастоварҳои миллату давлат сафарбар месозанд.
Баъд аз суханрониҳо ба сарбозон аз ҷониби масъулин бахшида 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Сарбозон низ бо маҳорату малакаи худ, машқҳои харбӣ тактикиро ба ҳозирин пешкаш намуданд, ки он қобили қабули иштирокдорон гардид.
Баргузории чорабинии зебои фарҳангӣ аз ҷониби санъаткорони саршиноси ноҳияи Фирдавсӣ идомабахши ҳамоиши имрӯза гардид.
Баъд аз фарҷоми чорабинӣ иштирокдорон аз ошхонаи қисми низомӣ, шарту шароит ва осорхонаи Пешвои миллат, ки дар ҳудуди қисми ҳарбӣ ҷой дорад, дидан намуданд.