ТАҶЛИЛИ РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

25.02.2023 10:41

 
Имрӯз (22.02.2023) дар толори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Пеш аз оғози чорабинӣ меҳмонон аз намоиши дастовардҳо ва мусобиқаҳои намуди шашкаву шоҳмот ва дастхобонӣ, ки миёни сарбозону донишҷӯён баргузор карда шуда буд, дидан намуданд.

Чорабиниро Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе муҳтарам Гуреззода Умед оғоз намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Артиши миллии ҷумҳурӣ, ки 23 – юми феврал аз таъсисёбии он 30 сол сипарӣ мегардад, самимона табрику таҳният гуфт ва доир ба нақшу саҳми бузурги Қувваҳои Мусаллаҳ дар таҳкими истиқлоли давлатии кишвар, рукнҳои асосии давлатдории миллӣ, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ ва дигар масоили муҳим суханронӣ намуд.

Сипас аз ҷониби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор фаъолон бо медалҳои ҷашнӣ ва сипосномаҳо тақдим карда шуданд.

Барномаи фарҳангии омоданамудаи мақомоти иҷроия ва сурудҳои дилнишини сарояндагони шинохтаи ҷумҳурӣ рӯҳу табъи аҳли толорро хушу болида гардонида, анҷомбахши чорабинии имрӯза гардид.