БАРГУЗОРИИ ИҶЛОСИЯИ ҒАЙРИНАВБАТИИ ПОНЗДАҲУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ, ДАЪВАТИ ШАШУМ

08.04.2023 10:37

 
Санаи 14 апрели соли 2023 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе иҷлосияи ғайринавбатии понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор гардид.
Кори иҷлосияро Раисикунандаи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Азизов Азизхуҷа Орипович пешбаи ва ба уҳда доштанд, ки дар кори иҷлосия раиси комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халќи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, муовни якум, муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи Раис ва мақомоти иҷроия, роҳбарони макомоти ҳифзи ҳукук, роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ, маориф, бозорҳои ҳудуди ноҳия, сархатиби ноҳия ва дигар фаъолон ҳузур доштанд.
Саравл мутобиқи моддаҳои 8, 9 ва 13-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» котиботи иҷлосия интихоб гардида, баъдан рўзномаи иҷлосияи ғайринавбатии понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, даъвати шашум бо масъаллаҳои зерин пешниҳод карда шуданд.
1. Оид ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 январи соли 2023, №505 «Дар бораи аз вазифаи Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе озод намудани Усмонзода Фатҳиддин Бадриддин»;
2. Оид ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 январи соли 2023, №513 «Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе таъин намудани Гуреззода Умед Зариф»;
3. Дар бораи гузориши раиси комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва тасдиқ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе;
4. Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар семоҳаи якуми соли 2023
5. Дар бораи тасдиқи қарорҳои Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе.
Аз рӯи масъаллаҳои якум, дуюм ва сеюми рўзномаи иҷлосия қарорҳои дахлдор тасдиқ гардида аз тарафи Сафаров Зариф раиси комиссияи ноҳиявии интихобот ба Гуреззода Умед аз номи вакилон ба барои фаъолияти минбаъдаашон дар ин вазифаи пурмасъул бурдбориҳо таманно намуда шаҳодатномаи вакилӣ ва нишони сарисинагиро ба Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе муҳтарам Гуреззода Умед супориданд.
Раиси маҷлис Гуреззода Умед ба вакилон барои дастгирӣ ва бовариашон изҳори сипос намуда, онҳоро бовар кунонид, ки дар ин вазифаи пурмасъул барои пешрафти кишвари азизамон ҳамаи қувва ва нерўи худро сафарбар менамоянд.
Ҳамзамон мутобиқ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия бо дарки баланди масъулиятшиносӣ Савганди вакили Маҷлиси вакилони халқ ёд намуданд.
Бо ҳамин мазмун Савганди вакили аз ҷониби Абдуманонзода Ситора вакили навинтихоб аз ҳавзаи интихоботии №16 ироа гардид.
Раиси маҷлис муҳтарам Гуреззода Умед вобаста ба муҳокимаи масъалаи чоруми рўзномаи иҷлосия: «Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноњияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар семоҳаи якуми соли 2023» ҳисоботи ҳар як муовинро мавриди таҳлил ва барраси қарор дода, барои хубтару беҳтар ҷамъбаст намудани нимсолаи якуми соли 2023 супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Бо ҳамин ҳамаи масъалаҳои рўзномаи иҷлосияи ғайринавбатии понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, давати шашум муҳокима ва аз рўи онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Дар охир Раиси маҷлис барои иштироки фаъолона ба ҳамаи вакилон ва фаъолон изҳори миннатдорӣ баён намуда, таъкид карданд, ки мо дар арафаи љашнгирии рузи Пойтахти азизамон шаҳри Душанбе қарор дорем аз ин рӯ мо вакилон ва роҳбарони сохторҳои дахлдорро зарур аст, ки дар ҷалби оммаи шаҳрдорӣ, ободонӣ ва гузаронидани ҳашарҳои дастаҷамъона баҳри ободу зебо ва хуррамгардонии шаҳри азизамон ҳамарўза корбарӣ намоем.
Бо ин мақсад ҳар як хона, маҳал, корхона, муассиса, нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ бо роҳи фаҳмондадиҳӣ ва ташаббускорӣ ба корҳои тозагию ободкорӣ сафарбар карда шаванд. Дар ин ҷода бояд ташаббускор бошем ва барои гулгулшукуфоии пойтахти азизамон ва муҳайё намудани шароити арзанда ба сокинон ва меҳмонони пойтахт софдилонаю содиқона хизмат намоем.
Рӯзи Пойтахтро табрик намуда, барои ҳозирин хонаободӣ, садодатмандӣ, бурдборӣ ва ба Тоҷикистони азизамон пешравию шукуфоиро таманно карданд.
Бо садо додани суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷлосияи ғайринавбатии понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, давати шашум пўшида эълон гардид.