Муовини якуми Раиси ноҳия

AloviddinzodaАловиддинзода Шодимурод Уроқ 

Аз 19 июни соли 2020 дар мансаби муовини якуми Раиси ноҳияи Фиравсии шаҳри Душанбе кор мекунад.

Соли таваллуд: 05.02.1962
Ҷои таваллуд: шаҳри Ҳисор

Миллат: тоҷик
Маълумот: олӣ
Хатм кардааст: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С. Осимӣ, соли 1984
Ихтисос: меъмор
Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ, олмонӣ, англисӣ бо луғат
Унвони илмӣ дорад ё не: не
Узвият ба ҳизб: узви Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон
Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не: не
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не: не
Вазъи оилавӣ: оиладор

КОР ВА ФАЪОЛИЯТИ СОБИҚА:

Солҳои:
1979-1984 - донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С. Осимӣ
1984 - муҳандиси Мамнуъгоҳи таърихӣ-меъмории ноҳияи Ҳисор
1984-1986 - ҷонишини директор оид ба корҳои илмии Мамнуъгоҳи таърихӣ-меъмории ноҳияи Ҳисор
1986-1989 - сардори бюрои лоиҳакашии шуъбаи меъмории Кумитаи иҷроияи депутатҳои халқии ноҳияи Ҳисор
1989-1992 - раиси кооперативи тадқиқотӣ-лоиҳакашии “Меъмор”
1992-2001 - директори ширкати истеҳсолӣ-тиҷоратии “Сиат”
2001-2003 - намояндаи ширкати “PUFAS” Олмон дар Тоҷикистон
2003-2010 - Директори иҷроияи Ассотсиатсияи тараққиёти шаҳрҳои хурди Тоҷикистон “Ватанам”
2010-2011 - меъмори ваколатдори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе дар ноҳияи Сино
2011-2012 - меъмори ваколатдори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе дар ноҳияи И. Сомонӣ
2012-2014 - сармеъмори ноҳияи Ҳисор
2014-2016 - сармутахассис, меъмори ваколатдори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе дар ноҳияи Сино
2016-2017 - мудири шуъбаи меъморони ваколатдори ноҳияҳои маъмурии шаҳри Душанбе дар Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе
2017-2020 - муовини сардор-мудири шуъбаи меъморони ноҳияҳои маъмурии Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе
Аз 19 июни соли 2020 - муовини якуми Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе


© 2021 Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе