Фарҳанг

 

Бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар давоми 12 моҳи сипаригардидаи соли 2020 баҳри дар амал татбиқ намудани нақшаи корӣ, корҳои зеринро анҷом додааст.
Ҷиҳати иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 2 декабри соли 2019, №751 «Дар бораи омодагӣ ва таҷлили Соли нави мелодии 2020 дар шаҳри Душанбе», қарори Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 10 декабри 2019, №261 «Дар бораи омодагӣ ва таҷлили Соли нави мелодии 2020 дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе» қабул карда шуда, инчунин дар сатҳи баланд баргузор намудани Соли нави мелодии 2020 кӯчаву хиёбонҳо ороиш карда шуд ва дар назди Сирки давлатии Тоҷикистон арчаи зебо бо маблағӣ 330000 (сесаду си ҳазор) сомонӣ ва дар баландии 14 метр гузошта шуда буд. Дар назди бинову иншоотҳо, корхонаҳо, бозорҳо ва марказҳои савдои ҳудуди ноҳия арчаи соли навӣ бо риояи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор гузошта шуда буд. Санаи 31 декабри соли 2019, дар назди Сирки давлатӣ барномаи фарҳангӣ – фароғатӣ бо иштироки ҳунармандони касбӣ баргузор карда шуд.
Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 11 феврали соли 2020, №78 «Дар бораи таҷлил намудани Иди байналмилалии Наврӯз - 2020», қарори Раиси ноҳия аз 25 феврали соли 2020, №42 «Дар бораи таҷлил намудани Иди байналмилалии Наврӯз - 2020» дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе қабул карда шуд.
Бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2020, №АП – 1335” бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, баланд бардоштани маҳорати касбӣ, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон баргузор намудани, озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлати Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе даври ноҳиявӣ озмун бо иштирок 62 нафар доир гардид. Аз 62 нафар иштирокчӣ 17 нафарашон ба даври дуюми озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» роҳ ёфта, бо диплому сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд.
Дар ноҳия 13 муассисаи фарҳангӣ фаъолият менамояд. Аз ҷумла: 1 боғи фарҳангӣ фароғатии ба номи А.Фирдавсӣ, 1 китобхона ба номи А.Фирдавсӣ, 5 муассисаи китобфурӯшӣ, 1 мактаби рассомӣ, 1 мактаби мусиқӣ ба номи З.Шаҳидӣ, Театри давлатии ҷавонон ба номи М.Воҳидов, Таатри тамошобини ҷавон ба номи М.Қосимов ва Муассисаи давлатии Сирки давлатӣ.


© 2021 Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе