ШӮРОИ НОҲИЯВИИ ҲАМОҲАНГСОЗӢ ОИД БА ПЕШГИРИИ СУИИСТЕЪМОЛИ МАВОДИ НАШЪАДОР ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  15.04.2022 н.Фирдавсӣ

Дар самти ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати милоӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 21-уми декабри соли 2021 ироа гардида буд, инчунин доираи амалишавии «Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» ва сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти далатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста дар ин самт тадбиру чораҳои зарурӣ меандешад.

         Рӯзи 15 апрели соли 2022 соати 14:00 дар толори муассисаи давлатии Маркази саломатии шаҳрии №4 бо кормандони муассиаи мазкур тибқи нақша чорабиниҳои муштарак вохӯрии судманд анҷом дода шуд, ки вохӯриро котиби масъули Шӯро – мудири бахши ҳуқуқӣ дастгоҳи Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Саидумар Маҷидзода кушода оид ба масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, пешгирии зуроварӣ дар оила, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ суҳбат баргузор гардид.

         Дар вохӯрӣ Дилшод Баротиён – нозири калони шуъбаи назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти таҳлилҳои мавҷудаи омори ҷиҳати пурзур намудани масъалаҳои пешгирии наврасону ҷавонон аз омилҳои номатлуби нашъамандию нашъаҷаллобӣ, ифротгароӣ ва муқовимат бо тероризм ва эктремизм, ибрози назар намудад.

Инчунин дар самти пешгирии кормандони соҳаи тибб оид аз муомилоти қонуни ба муомилоти ғайриқонуни нагузаштани воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо маълумот дод.


© 2021 Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе