Таъиноти кадрӣ

 26.01.2022

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзӣ ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд таъин гардиданд, барои суҳбат ҳузур пазируфтанд.
Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ аз вазифаи Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва ба вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Каримзода Саъдӣ Ғафор вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Музафар Бурҳон муовини якуми вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.
Ҳамчунин, бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳошимзода Раъно - иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон, Муинӣ Мавсума - иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстон, Маҳмудзода Қаюмҷон - иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истиқлол ва Муҳаммадзода Шӯҳрат - раиси ноҳияи Ашт таъин гардиданд.
Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирдадо Зариф ва Зоҳидзода Даврон муовинони Раиси вилояти Суғд ва Маҷидӣ Бахтиёр директори генералии Корхонаи муштараки Тоҷикистону Канадагии масъулияташ маҳдуди “Апрелевка” дар шаҳри Гулистон таъин шуданд.
Зимни мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кадрҳои таъингардида ҷиҳати таҳким бахшидани раванди омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ, татбиқи нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, таҳия ва иҷрои нақшаи чорабиниҳо вобаста ба амалигардонии “Солҳои рушди саноат 2022-2026”, иҷрои ҳадафҳои созанда ва татбиқи сиёсати роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат, дар самтҳои таъмини амнияти озуқаворӣ, бахши аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъати корҳои ободонӣ, истифодаи оқилонаи замин, хусусан заминҳои корам ва заминҳои наздиҳавлигӣ, гирифтани ду се ҳосил аз заминҳои обӣ, рушди бахши кишоварзӣ, баланд бардоштани сифати маҳсулот, ҷалби сармояи хориҷию ватанӣ баҳри рушди соҳа, дастгирии соҳибкорӣ, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти босифати кишоварзӣ, рушди соҳаи агросаноатӣ, аз ҷумла тухмипарварӣ, зироатпарварӣ, чорводорӣ, тақвияти фаъолияти муассисаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг дастуру супоришҳои муфид доданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз кадрҳои ҷавону соҳибтаҷриба, риояи ҳатмии талаботи қонунгузории мамлакат, боло гузоштани манфиатҳои миллию давлатӣ аз манфиатҳои дигар, пешгирии амалҳои ғайриқонунии вобаста ба суйиситифода аз мансаби давлатӣ, қобилияти баланди роҳбарию ташкилотчигӣ, мусоидат ба рушди бештари иқтисодию иҷтимоӣ, тақвияти ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ ҷиҳати вусъати тадбирҳои бунёдкорию ободонӣ, иртиботи доимӣ бо мардум ва ҳали саривақтии мушкилоти онҳоро талаб намуданд.

 


© 2021 Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе