ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИВУ ИҚТИСОДИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР СОЛИ 2021 ВА ВАЗИФАҲО БАРОИ СОЛИ 2022

   14.01.2022

Ҷаласаи макомоти иҷроияи хокимияти давалии шахри Душанбе доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022, баргузор гардид.
Дар ҷаласа Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ кайд намуданд, ки дар ин давра як зумра корҳо дар самти рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр анҷом дода шуданд.
Иброз гардид, ки соли 2021 мардуми шарифи тоҷик, аз ҷумла сокинони пойтахти кишварамон – шаҳри Душанбе 30-солагии истиқлолияти давлатиро бо дастовардҳои назаррас дар самти бунёдкориву созандагии Ватани соҳибихтиёри худ таҷлил намуданд.
Дар соли сипаришуда 182 иншооту биноҳои ҷашнӣ ба маблағи умумии 7 миллиард сомонӣ ба истифода супорида шуданд.
Дар доираи ҷамъбасти ин ҷашни бузурги миллӣ бунёди 16 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва томактабӣ, 8 муассисаи тандурустӣ, 50 коргоҳу корхонаи саноатӣ, 162 километр роҳ, 19 бинои маъмурӣ, 225 иншооти баландошёна бо 161 маркази хизматрасонӣ, 62 майдончаи варзишӣ, 9 гулгашт, таъмири 2 321 бинои истиқоматӣ, 116 хобгоҳ ва таъсиси беш аз 15 ҳазор ҷойҳои нави корӣ анҷом дода шуд.
Хаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 114 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 1,5 баробар, гардиши савдо 115 фоиз, хизматрасониҳои пулакӣ 123 фоиз ва боркашонӣ 104 фоиз афзоиш ёфта, рушди маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ ба 18 миллиард сомонӣ расонида шуд ва суръати афзоиши он нисбат ба соли гузашта 9 фоизро ташкил дода, ҳиссаи маҷмӯи маҳсулоти пойтахт дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат ба 19 фоиз баробар гардид.
Зимни таҳлили натиҷаҳои рушди соҳаи энергетикаи пойтахт иттилоъ дода шуд, ки марказҳои барқу гармидиҳӣ 1,6 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 884 ҳазор киловатт-соат зиёд аст.
Раиси шаҳр ҷиҳати саривақт бартараф намудани камбудиҳои соҳа, аз ҷумла ба инобат гирифтани шартҳои техникӣ ҳангоми бунёди иншоотҳо, аз нуқтаҳои наздик васл кардани ноқилҳо, аз байн бурдани қарздорӣ, гузаштан ба системаи хизматрасонии электронӣ ва инчунин барои ба шабакаи гармидиҳӣ пайваст намудани боз 220 бинову иншоотҳои нав дар давраи зимистони солҳои 2022-2023 ба масуълин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Ҷиҳати ба талаботи шаҳрсозӣ мутобиқ намудани инфрасохтори пойтахт, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таъкид доштанд, ки иншооту биноҳои шаҳр бояд бо усули замонавӣ ва бо дарназардошти санъати баланди меъморӣ, зебо ва бо сифати баланд бунёд карда шаванд, то ки ба наслҳои оянда садсолаҳо хизмат расонанд. Дар ин робита кори комиссияҳои қабули давлатии иншооту биноҳо беҳбудиро тақозо менамояд, зеро аксар вақт биноҳо бе инобати роҳҳои зарурӣ, майдончаҳои бозии кӯдакон, шароит барои маъюбон, таваққуфгоҳҳо бунёд карда мешаванд. Вобаста ба ин, ба муовини якум ва сохторҳои дахлдор дастур дода шуд, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта тадбирҳо андешанд.
Азнавсозӣ ва ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонидани инфрасохтори пойтахт, махсусан, таҷдиду азнавсозии роҳҳо заминаи муҳими рушди минбаъдаи шаҳр маҳсуб меёбад, зикр намуданд Раиси шаҳр дар баромади худ. Дар зарфи 5 соли охир дар пойтахт 162 километр роҳҳо азнавсозӣ карда шудаанд, ки 7,7 километри он ба соли сипаришуда рост меояд. Мақомот ҷиҳати пешгирӣ кардани воридшавии сел ба кӯчаву хиёбонҳои шаҳр то имрӯз 16 километр шабакаҳои селпарто сохта, ба истифода дода шудаанд.
Инчунин бо мақсади дастгирии соҳаи роҳсозӣ дастгоҳи истеҳсоли асфалти аълосифат бо иқтидори 160 тонна дар як соат ва таҷҳизоти сангмайдакунӣ бо иқтидори 140 тонна дар як соат ба маблағи 16 миллион сомонӣ харидорӣ гардид, ки соли ҷорӣ ба истифода дода мешавад. Барои санҷиши масолеҳи сохтмони роҳ бошад, соли ҷорӣ аз Ҷумҳурии Италия 110 дастгоҳи озмоишгоҳӣ ворид мегардад ва ҳамаи ин иқдомот баҳри баланд бардоштани сифати масолеҳи роҳсозӣ ва сохтмони роҳҳо равона шудаанд.
Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ вобаста ба ҳолатҳои кашол додани муҳлати иҷрои корҳо дар баъзе иншооти роҳсозӣ, истифодаи масолеҳи пастсифат ва баъди ба истифода додани роҳҳо дар муҳлатҳои кӯтоҳ пайдо шудани ноҳамвориҳо, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои соҳа ва дар муҳлати муқарраршуда мутобиқ ба стандартҳои муосир сохта ба истифода додани роҳҳо ба масъулин дастуру супоришҳо доданд.
Раиси шаҳр зимни баррасии соҳаи нақлиёти пойтахт зикр намуданд, ки соли гузашта бо ҳама намуди нақлиёт 280 миллион нафар мусофир кашонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14 фоиз зиёд мебошад. Дар зарфи панҷ соли охир соҳаи нақлиёти мусофиркашонии шаҳр комилан навсозӣ гардида, имрӯз хизматрасонии сокинону меҳмонони пойтахт тавассути воситаҳои нақлиёти замонавӣ ба роҳ монда шудааст. Дар зарфи панҷ соли охир аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ, дар маҷмӯъ, 578 воситаи нақлиёти мусофиркашӣ, аз ҷумла 474 автобус ва 104 троллейбуси бесими замонавӣ харидорӣ гардид.
Бо мақсади таҷдиди назар намудани парки коммуналӣ, дар доираи ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Халқии Чин созишнома ҷиҳати ворид намудани 466 воситаи нақлиёти коммуналӣ ба маблағи 415 миллион сомонӣ ҳамчун кумаки техникӣ ба имзо расонида шуд. Соли сипаришуда аз ин ҳисоб 413 воситаи нақлиёти коммуналӣ ба пойтахт ворид гардида, 53 нақлиёти боқимонда соли ҷорӣ ворид карда мешаванд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани хизматрасонии мусофиркашонӣ ба сокинон ва меҳмонони пойтахт ба муовини соҳавӣ ва дигар сохторҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Тавре Раиси шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, тайи 5 соли охир дар шаҳри Душанбе 27 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо 45 ҳазор ҷойи нишаст дар ду баст ва 12 муассисаи томактабӣ барои беш аз 2 ҳазор тарбиятгиранда мавриди истифода қарор дода шуда, бо ҳамин мушкилоти чандинсолаи соҳаи маориф, яъне норасоии ҷойи нишасти хонандагон пурра ҳал гардид.
Давоми соли 2021 7 муассисаи таълимӣ барои 15 ҳазор ҷойи нишаст дар ду баст бо тарҳи замонавӣ бунёд гардида, ба истифода супорида шуд. Ҳоло дар шаҳр сохтмони боз 22 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо 40 ҳазор ҷойи нишаст ва 19 муассисаи томактабӣ идома дорад.
Дар се соли охир ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ дохил шудани хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт ба 80 фоиз расидааст. Соли сипаришуда хонандагон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона ширкат варзида, сазовори 773 медал гардидаанд. Ҳамасола хонандагону донишҷӯёни болаёқат аз стипендияи Раиси шаҳр бархурдор мегарданд.
Раиси шаҳри Душанбе иброз доштанд, ки бо вуҷуди фароҳам гардидани шароити мусоид ва таваҷҷуҳу дастгириҳои роҳбарияти олии мамлакат ва мақомот дар соҳаи маорифи пойтахт камбудиҳо низ ҷой доранд.
Ба масъулини сохторҳои дахлдори пойтахт дастур дода шуд, ки ҷиҳати такмил додани сатҳи касбии омӯзгорон ва баланд бардоштани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва ислоҳи камбудиҳои соҳа тадбирҳои зуруриро амалӣ намоянд.
Вобаста ба ин, муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод намуданд, ки дар сатҳи шаҳр озмуни забондонӣ барои хонандагон зери унвони «Забон донӣ – ҷаҳон донӣ», инчунин, озмуни «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» аз рӯи фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ соли ҷорӣ ва минбаъд низ ташкил ва гузаронида шаванд.
Дар зарфи панҷ сол муассисаҳои тиббии шаҳр бо 35 автомашинаи замонавии ёрии таъҷилӣ ва дастгоҳҳои нави ташхис таъмин гардида, 118 нафар кӯдакони нуқсони дилдошта аз ҳисоби маблағҳои фонди захираи Раиси шаҳр ҷарроҳӣ карда шуданд ва ин кор минбаъд низ идома дода мешавад, зикр намуданд Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ. Соли сипаришуда бо мақсади пешгирӣ кардани пандемияи коронавирус якуним миллион воя ваксина ворид карда шуд ва то имрӯз 725 ҳазор нафар сокинони шаҳр, ки 100 фоизи гурӯҳи мақсаднокро ташкил медиҳанд, эм карда шуданд. Таҷрибаи тибби ҷаҳонӣ собит намуд, ки роҳи ягонаи эмин мондан аз ин беморӣ ва наҷоти ҳаёти инсон танҳо эмгузаронӣ мебошад.
Дар ин робита муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз сокинони шаҳр даъват ба амал оварданд, ки дар маъракаи эмкунӣ фаъол бошанд, худ ва аъзои оилаашонро эм гузаронанд, то ин ки саломатии наздикон ва аҳли ҷомеа ҳифз карда шавад. Ба сохторҳои дахлдор дастур дода шуд, ки аз моҳи феврали соли 2022 эмкунии навбатӣ ва пурраи сокинонро оғоз карда, дар баробари ин, корҳои фаҳмондадиҳиро доир ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ вусъат бахшанд.
Аз мавзуоти дигаре, ки аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе таҳлилу баррасӣ гардид, ин баланд бардоштани мақоми занону ҷавонон ва нақши онҳо дар ҷомеа, мусоидат ба таҳсилу касбомӯзӣ ва таъмин намудани онҳо бо ҷойи кори буд. Ҳоло дар пойтахт бунёди як қатор иншооти муосири варзиш, аз ҷумла варзишгоҳи бузург бо 30 ҳазор ҷойи нишаст ва 135 майдончаи варзиш дар назди биноҳои баландошёна бомаром идома дорад. Дар зарфи 5 сол дар пойтахт 262 майдончаи варзиш ва бозии кӯдакона бунёд карда шуд, ки имрӯз сокинони пойтахт, аз ҷумла ҷавонону наврасон аз онҳо босамар истифода карда истодаанд.
Варзишгарони шаҳр дар мусобиқаҳои бонуфузи шаҳрӣ ва ҷумҳуриявию байналмилалӣ ширкат варзида, соҳиби 9 ҳазор медал гардидаанд.
Соли сипаришуда дар доираи эълон гардидани шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2021 зиёда аз 300 чорабинии гуногуни фарҳангиву сиёсии шаҳрӣ ва ҷумҳуриявию байналмилалӣ гузаронида шуд.
Дастпарварони муассисаҳои пойтахт дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фурӯғи маърифат» иштирок варзида, ба 108 ҷойи ифтихорӣ сазовор шуданд ва шаҳри Душанбе бо гирифтани ҷойҳои зиёд зинаи аввалро дар мамлакат ишғол намуд.
Бо мақсади боз ҳам ободу зебо гардонидани пойтахт соли сипаришуда дар ҳудуди пойтахт 226 ҳазор бех дарахту буттаҳо, аз ҷумла зиёда аз 5 ҳазор бех дарахтони аз хориҷи мамлакат воридшуда ва 23 миллион гулҳои мавсимию бисёрсола, дар маҷмӯъ тайи панҷ соли охир бошад, дар хиёбону гулгаштҳо ва боғҳои шаҳр зиёда аз 600 ҳазор бех дарахт, аз ҷумла 26 ҳазор бех дарахти аз хориҷи кишвар овардашуда ва 58 миллион гулҳои гуногун шинонида шуданд. Вобаста ба ин, Раиси шаҳр зикр намуданд, ки дар панҷ соли охир 17 боғи замонавӣ ва 57 гулгашт бунёд гардида, барои сокинону меҳмонони пойтахт шароити хуби фароғат муҳайё карда шудааст.
Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар баромади худ қайд намуданд, дар Паёми Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур дода шуд, ки то соли 2026, яъне то ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатӣ корҳои ободониву созандагӣ дар тамоми кишвар вусъат дода шавад. Ба хотири иҷрои супориши Пешвои миллат, мо нақша дорем, ки дар панҷ соли оянда шумораи ҷойҳои нави кориро ба 250 ҳазор расонем.
Ин ҳидоят мо ва мардуми шарифи пойтахтро водор месозад, ки тамоми саъю кӯшиши худро ҷиҳати боз ҳам ободу зебо намудани пойтахти азизамон шаҳри Душанбе, бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ва таъсис додани ҷойҳои нави корӣ барои аҳолӣ равона созем. Аз ин рў, ба муовини якум ва муовинон якҷо бо сохторҳои дахлдори Раиси шаҳр супориш дода шуд, ки дар муддати ду моҳ нақшаи чорабиниҳои «35-солагии истиқлолияти давлатӣ»-ро бо баррасии ҳамаҷонибаи захираву имкониятҳои мавҷуда ва бо ҷалби соҳибкорон ва шахсони ташаббускору эҳсонкор таҳия карда, барои тасдиқ ва иҷро пешниҳод намоянд.
Дар ҷаласа муовини якум ва муовинони Раис шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони сохторҳои тобеи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи пойтахт доир ба натиҷахои фаъолияти худ дар соли сипаригардида ҳисобот доданд.
Дар идома Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ фаъолияти ширкатҳои мобилиро мавриди баррасӣ қарор дода, қайд намуданд, ки хизматрасонии ин ширкатҳо ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудааст ва рунамоиашон аз сатҳу сифати фаъолият дида бештар мебошад. Аз ин лиҳоз ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар кӯтоҳтарин муддат, ба масъулин дастуру супоришҳои қатъӣ дода шуд.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи пойтахт вазифадор гардиданд, ки баҳри таъмини волоияти қонун ва амният, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ чораҳои бетаъхир андешанд.
Дар ҷамъбаст Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ изхори бовари намуданд, ки мардуми шарифи пойтахт ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ба хотири рушди устувор ва ба шаҳри муосиру пешрафта табдил додани Душанбе, минбаъд низ бо азму иродаи қавии созандагӣ кору пайкор намуда, ҳама якҷо бо заҳмати содиқонаву софдилона пойтахтамонро ба ойинаи воқеии миллати тамаддунсози тоҷик ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон табдил медиҳем.
Пас аз муҳокимаи ҳамаҷонибаи фаъолияти сохторҳои шаҳр дар соли 2021 қарори дахлдор қабул гардида, вазифаҳо барои давраи минбаъда муайян карда шуданд.

 


© 2021 Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе