Таҷлили 28-солагии Қувваҳои муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

23.02.2021Таҷлили 28-солагии Қувваҳои муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кормандон ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар толори Театри давлатии ҷавонони ноҳия ташкил ва баргузор карда шуд. Дар чорабинии фарҳангӣ сухани табрикотии Раиси ноҳия муҳтарам Усмонзода Фатҳиддин Бадриддин бахшида ба ҷашни мазкур шунида шуда, ба як катор кормандон Ифтихорномаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд. Баъдан чорабинии мазкурро бахши фарҳангӣ мақомоти иҷроия зери роҳбарии Киромзода Сироҷиддин бо суруду мусиқӣ ва саҳнаҳои ҷолиб бахшида ба рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди ҳозирин намуданд. Дар чорабинии номбурда намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, комиссариати ҳарби, собиқадорони Ҷангу меҳнат ва дигар даъватшудагон ҳузур доштанд! 23.02.2021-2


© 2021 Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе